Фарибо Деҳқон — Эрон

Лабханд…

Ғарқ танҳоии хеш,

Беқарори лаҳзаҳо.

Пушти лабханди малеҳ,

Гиря кунам бесадо.

 

Кӯраи роҳи ҷустуҷӯ,

Сукути фарёд мезанам.

Гӯ ба кадомин гуноҳ,

Инчунин овез карданам?

 

Ин баҳо, ки пардохтам,

Ба думболи ишқ буд.

На хато,

Ишқ дар кеши ман,

Будан асту хостан.

Ҷурме ҷуз ин надоштам,

Ба гумонам дар ҷумла сухан.

***

 Дар парда

Даруни оина тимсоли як инсон бинам,

Фориғ аз он ки ин тимсолро,

Ноиби он дорад,

Зи ганҷинаи ҷамол ирси фаровон дорам.

Чӣ суд аммо?

Ки ин ҷурм нуқосе бас гарон дорад,

Гар ҳам ҳамдаме бошад,

Ба ҳукмаш бибояд паси пардаҳо нишинам.

Варна меҳри рӯзгор,

Баҳоям бин ба чӣ сон дорад.

Ба вақти ҷанг даруни бозувонам қусури тавон дорам,

Ба ночор сар фуруд орам,

Ки ӯ ҳаққи хирад дандон дорад.

Ба ҳар гӯша аз ҷаҳонам бингарам,

Худро чунон ёбам,

Ки оина ҳам гӯяд,

Эй зан,

Ба гумонам ин танро ноиби он дорад.

Нахоҳам тақдири дигар ҷуз ин тадбир,

Шукӯҳ аз раъй замон дорам,

Ки бо ман қасди гарон дорад.

***

 Баҳона  

Танро пур аз баҳона кун,

Баҳонаи навозишам.

Мисоли гулбарги хазон,

Бӯса бизан ба оромишам.

 

Ман гумшудае дар ишқи ту,

Кай пайдо шавад ниҳони ман?

Ин бехабарӣ аз они туст,

Ё ки шавад аз они ман?

Ёрам,

Садоят мекунам.

Дилам,

Ҳар шаб ҳавоят мекунад,

Худро,

Ба сони шамъи ин чашм фидоят мекунад.

Оре,

Фидоят мекунад.

فریبا دهقان- ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *