Парвиз Давлатов ба 5 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шуд

Ӯро ба бисёрзанӣ ва расондан ба ҳолати худкушӣ айбдор донистанд

Додгоҳи олии Тоҷикистон Парвиз (Лутфулло) Давлатов, як мақоми баландпояи ширкати “Мегафон” ва фарзанди Давлаталӣ Давлатзода, муовини собиқи ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст, вале  бино бар асоси қонуни афв, ҳукми ӯро то 5 солу 4 моҳи зиндон пойин овардааст.

Хабаргузории «Азия Плюс» ва пойгоҳи хабарии «Your.tj» бо истинод ба наздикони маҳкумшуда хабар доданд, ки Додгоҳи олӣ ҳукми Парвиз Давлатовро шоми 14 декабр эълон кардааст.

Парвиз Давлатов, тавре қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ба азобу уқубат айбдор мешуд. Вале ҳоло гуфта мешавад, ки додгоҳ ӯро ҳамчунин ба бисёрзанӣ ва расондан ба ҳолати худкушӣ айбдор донистааст.

Муҳокимаи парвандаи Азиза Давлатова, ҳамсари аввали Парвиз Давлатов ва гумонбаршавандаи асосӣ дар азобу уқубати маъшуқаи шавҳараш Мадина Мамадҷонова, дар Додгоҳи олӣ ҳанӯз идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *