ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Даромади пулӣ ё хариди бобарор имкон дорад. Рӯзи бобарор аст, ба шарте, ки пешакӣ онро ба нақша гиред. Дар муносибатҳои ошиқона ягон нобарорӣ дида намешавад. Вохӯриҳои корӣ ва ҷаласаҳоро нимаи аввали рӯз ба анҷом расонед. Нафароне, ки аз бехобӣ азоб мекашанд, каме худро нотоб ҳис мекунанд.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз саломатии худро эҳтиёт кунед. Аз хасташавӣ, корҳои вазнини ҷисмонӣ ва амали хатарнок худдорӣ намоед. Барои пешгирӣ намудани бемориҳои музмин чораҳои пешгирикунанда андешиданатон лозим аст. Дар хоб дидани раъду барқ ё борон нишонаи он аст, ки шумо мавқеи худро аз даст медиҳед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Бо шахси дӯстдошта ё нафари калонсоли авлодатон каме муноқиша имкон дорад. Сабаби рух додани нофаҳмӣ дар он аст, ки шумо якдигарро фаҳмида наметавонед. Барои оштӣ шудан бояд аввалин шуда, қадам гузоред. Дар ин рӯзҳо мисли оҳанрабо нафарони бадро ҷалб менамоед. Бемориҳои музмин хурӯҷ мекунанд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз нисбати саломатӣ хеле бодиқат бошед. Монеаҳои зиёде сари роҳатон мешаванд, ки дар рафъ намуданаш душворӣ мекашед. Аз ҳама гуна қаҳру ғазаб худдорӣ намоед. Баробари ба ғазаб омадан нофаҳмиву зидиятро эҳсос мекунед. Истироҳати бофароғат тану руҳатонро болида месозад.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Рӯзи бобарорест барои нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд. Муваффақият насиби нафароне низ мешавад, ки бо корҳои роҳбарикунанда машғуланд. Аз муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон худдорӣ намоед, бо хурдагириҳои худ ҷонашро ба лаб наоред. Бонувони муҷаррад ошиқ мешаванд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи бобарор аст. Тамоми санҷишу монеаҳоро убур мекунед. Нафароне, ки ба тозагӣ ба ҳаётатон ворид мегарданд, зиндагиятонро тағйир медиҳанд. Барои заҳмати кашидаатон мукофотпулӣ мегиред. Дар ҷойи кор нисбати ҳамкорони худ дағалиро раво набинед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи хеле номусоид аст. Аз нобарориҳо асабатон хароб мегардад. Танҳо ба қувваи худ умед бандед. Ба умеди кӯмаки нафаре нашавед. Рафту аз ҷониби нафаре дастгирӣ бинед, инро ҳамчун туҳфаи тақдир қабул кунед. Дар масъалаҳои ошиқона ба хулосаи қатъӣ наоед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз ҳам дар касбу кор ва ҳам дар корҳои ошиқона бурд мекунед. Баъзеҳоро вохӯрии ногаҳонӣ ё шиносоии нав интизор аст. Эҳтимол ба хонаатон меҳмон меояд. Дар масъалаҳои пулӣ корҳоятон хуб ҷараён мегиранд. Аз ҷониби нафаре, ки дӯсти наздик мешуморидед, хиёнат мебинед. Аз чунин гардиши қисмат руҳафтода нашавед. 

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз ба кӯмаки ҳамкорон ва шиносонатон ниёз пайдо карда, ҳатман онро мегиред. Ҳамзамон рӯзи хубест барои муносибатҳои ошиқона. Ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед, хатари ҷароҳат бардоштан ё хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имконпазир аст. Робитаро бо нафарони ношинос қатъ намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Рӯзи бобарор аст. Тамоми монеаву санҷишҳое, ки сади роҳатон мешаванд, паси сар мекунед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ ва буранда эҳтиёткориро пеша намоед. Уҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор накунед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз танҳо бо корҳои хуш машғул шавед. Агар бо нафаре созиш карда натавонед, кӯшиши ба ин нафар бо хирагӣ наздик шуданро накунед. Бо шарикони корӣ сари қароре омадан муяссаратон мегардад. Барои кӯдакон диққати бештар равона карданатон лозим меояд.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Мушкилиҳои зиёде сар мезананд, ки дар танҳоӣ бояд аз уҳдааш бароед. Оташин нашавед ва саросема сари қароре наоед. Аз комёбиву дастовардҳо ва хариди кардаатон ба касе лоф назанед, вагарна бадхоҳону нотавонбинон табъатонро хира месозанд. Ба саломатии худ бодиққат бошед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *