20 сол бо дарду ашк

Ҷанг дар Афғонистон зиёда аз 20 сол давом кард.

Дар ин муддат дар ин сарзамин қариб ягон рӯзи сулҳовар ва осмони софу беғубор набуд.

Боздоштани ҷанг ва ризоияти миллӣ ин садои дили беш аз 30 миллион мардуми афғон аст.

‍Тайи солҳои охир бо сабаби ин ҷанги хонумонсӯз даҳҳо миллион оила аз ҳам фурӯпошид, бисиёриҳо умрбод аз ҳам ҷудо шуданд.

Дар ҳамагуна ҷанг ҳамеша зиёдтар аз ҳама мардуми одӣ азият мекашад.

Ҷанг дар Афғонистон боиси марги 241,000 одамон гардид.

Аз рӯи ҳисоботи СММ оид ба ҳимояи шаҳрвандон аз ин миён 71 ҳазор фавтидагон  мардуми осоишта буданд. Ҳамарӯза тақрибан 250 нафар ба ҳалокат мерасад.

Дар тӯли даҳ соли охир Афғонистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро оид ба марги кӯдакон ишғол менамуд. Ҳамагӣ дар ин давра дар ин кишвар 7792 кӯдак кушта шудааст.

Дар соли 2020 Афғонистон аз рӯи шумораи кушташудагон миёни занҳо дар даҳсоли охир дар ҷаҳон пешсаф буд. Дар соли 2020 дар натиҷаи ҷанг дар Афғонистон 390 зан кушта шуд.

Аҳолии умумии Афғонистон 32,2 миллионро дар бар мегирад.

Аз ин 11 миллион мардуми осоишта паноҳанда шуданд.

72%  дар фақр зиндагӣ ба сар мебаранд.

Аз рӯи ҳисоботи СММ , қариб чоряки аҳолии Афғонистон зодгоҳи худро тарк кардаанд.

Айни замон дар ҷаҳон то ба имрӯз дар бадарға 4,6 миллион афғонҳо зиндагӣ доранд, ки аз ин ҳисоб 2,7 миллионашон мақоми паноҳандагиро ба худ касб кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *