Парвона Каримова: Аз оилаи хуб фарзанди арзанда мебарояд

Меҳмони навбатии гўшаи “Маслиҳати хушдоман” сокини ноҳияи зебоманзари Ховалинг, модари меҳрубон Каримова Парвона мебошанд.

Саволи мо ба меҳмони азизамон чунин аст:

— Баъзеҳо ҳангоми хонадор намудани фарзандон ба сарватманд ё камбағал будани тарафи қудо аҳамият медиҳанд. Оё вазъи молиявии волидайни домод ё келин дар издивоҷ нақш дошта метавонад?

— Гумон мекунам, ки ин амал хоси ашхосе ҳаст, ки барояшон сарвату боигарӣ дар ҷойи аввал меистад. Инсони бомаърифату бофарҳанг ҳаргиз инсонро аз рўйи вазъияти иқтисодӣ баҳо намедиҳад. Шукри Худои бузург мо дар мамлакате зиндагӣ мекунем, ки бо шарофати Пешвои миллат рўз аз рўз пеш рафта истодааст ва зиндагиямон бештар аз пештар хуб шуда истодааст. Волидайнро зарур аст, ки фарзандони худро ба хондан ҷалб кунанд, барои гирифтани маълумоти олӣ ва омўхтани касбу ҳунар ба онҳо шароит муҳайё созанд. Дар урфият мегўянд, ки «Гирди номи падар чӣ мегардӣ, падари хеш бош, агар мардӣ», аз сарватманду бой будани волидони келину домод ба мо ягон фоидае нест. Аммо вақти интихоби ҳамсари фарзандон бояд ба аз чӣ гуна оилаи будани онҳо аҳамият диҳем. Аз оилаи хубу волидайни хуб фарзанди арзанда мебарояд.

Фарзандонро тавре тарбия бояд кард, ки чизпараст нашаванд. Насли мо насле аст, ки ҳамроҳи шавҳар бори зиндагӣ кашида, хона обод мекарданд ва ҳаминро бояд ба фарзандон омўзем. Зану шавҳаре, ки бо сарфакорӣ, маслиҳати ҳамдигар зиндагӣ мекунанд, бурд хоҳанд кард. Ба духтарон сарфакориро омўхтан лозим, зеро ин яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мебошад. Зани сарфакорро ҳам Худо дўст медораду ҳам бандагонаш. Зани босаришта пули ёфтаи шавҳарро сарфи майда-чўйдаи беҳуда накарда, зиндагияшро обод месозад. Барои шароити хуби зиндагӣ, таълим ва тадриси фарзандонаш сарф мекунад.

Писаронро бошад, дар руҳияи меҳнатдўстӣ тарбия намуда, ба онҳо рисолати азалияшон, ризқрасони оила буданро доим гўшзад намудан лозим.

Акнун боз бармегардем сари саволи додаи шумо, яъне вазъияти иқтисодии тарафи қудо дар издивоҷ ягон нақш дорад ё не… Ин ҷо як чиз ҳаст, ки агар падару модар сарватманд бошанд, барои писар ё духтарашон хона мехаранд, ё ҷиҳози зиёд тақдим мекунанд, ин албатта хуб аст, аммо як умр дастнигари падару модар будани фарзанд айб аст. Хуб мешуд, ки дар издивоҷ аввал ақлу заковату донишу одамгарии келиншавандаву домодшавандаро ба назар гирем. Баъд ба дили фарзанд нигоҳ кунем, зеро бе муҳаббату якдигарфаҳмӣ оила вуҷуд дошта наметавонад, агар ганҷи Қорун ҳам дошта бошӣ.

Боқӣ, ба ҳама ҷавонон хушбахтии оилавӣ ва саломатӣ мехоҳам!

Суҳбаторо: ДИЛОШЎБ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *