футбол

Резаахбор: Аз 17 ҷойи ифтихорӣ то нокомии “Самандар”

Дастаи мунтахаби кикбоксинги Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Uzbekistan Open-3», ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, 17 ҷойи ифтихориро соҳиб шуд, ки аз ин 9 нишон тиллоӣ, 3 нишон нуқра ва 5 нишон биринҷӣ аст. Дар мусобиқа 1561 варзишгар аз 23 кишвар ширкат карданд. Тоҷикистонро 19 варзишгар, 6 довар ва 3 мураббӣ намояндагӣ карданд. Тоҷикистон дар ҳисоби дастаӣ сеюм шуд.

***

Варзишгарони Тоҷикистон дар Гран-прии куштии самбо, ки дар Уфаи Русия баргузор шуд, ду нишони нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд. Анушервон Назарзода дар самбои варзишӣ дар вазни 58 кг ва Умедҷон Муҳиддинов дар сабои размӣ дар вазни 71 кг нишони нуқра ба даст оварданд. Субҳон Мирзомуродзода дар самбои размӣ дар вазни 79 кг нишони биринҷиро соҳиб шуд.

***

Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бо иштироки варзишгарон аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ баргузор шуд. Дар мусобиқа варзишгарони Ӯзбекистон ҷойҳои бештари ифтихориро соҳиб гардида, ғолиби мусобиқа дониста шуданд.

***

Дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон марҳилаи сеюм оғоз шуд. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар садри ҷадвал аст, «Соро компания» дуюм ва «Амонатбонк» сеюм ҳастанд. Дар даври 11-ум «Пойтахт» аз «Соро компания» бо натиҷаи базурги 4:11 шикаст хӯрд. Дастаи «Самандар» бо ҳисоби аз ин ҳам бузургтар — 0:18 аз дастаи «Истиқлол» ноком шуд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *