Парвонаи Тоҷиддин: Маро шикаста намешавад
Парвонаи Тоҷиддин, сарояндаи хушсадои тоҷик ҳамсуҳбати навбатии мо буд. Мо бо Парвона доир ба 18 соли кору зиндагиаш дар Дубай, муваффақият дар тиҷорат, хотираҳо аз падар, ҳамкорӣ бо ҳунармандон ва ба саҳнаи калон омаданаш суҳбат кардем.
«Пул ҷойи шаршараи ҳавлии падарро намегирад»
— Шумо 18 сол дар Дубай будед. Чӣ хел шуд, ки он ҷо рафтед?
— Ҳамроҳи шавҳар ва он вақт ягона фарзандам бо мақсади зиндагиву кор ба Дубай рафтем. Он ҷо ба тиҷорат машғул шудем ва то андозае ҳам муваффақ гардидем. Духтарам ба дунё омад, фарзандонам дар мактабҳои англисӣ таҳсил карданд. Шукр, пайроҳаи хубро тай кардем.
— Дар Дубай ба кадом навъи тиҷорат машғул будед?
— Тиҷорати мо фаррох буд. Тарабхона, кошонаи ҳусн ва мағозаи хӯрокворӣ доштем. Дар тарабхонаамон аксари ҳунармандони саршиноси кишвар, аз ҷумла Баҳром Ғафурӣ, Суҳроби Сафарзод, Садриддини Наҷмиддин, Парвин Юсуфӣ ва ғайраҳо кор мекарданд. Оҳангсозони маъруф ҳам буданд. Ҳоло танҳо мағозаи хӯроквориам фаъол аст, ки писарам кор мекунад.
— Чӣ сабаб шуд, ки пас аз 18 соли зиндагӣ дар Дубай ба Ватан баргаштед?
— Фикр мекунам, ки барои ба Ватан баргаштан ҳеҷ сабабу баҳонае лозим нест, зеро Ватан ҷойи муқаддас аст ва ҳар куҷои дунё равӣ ҳам, Ватанро ёд мекунӣ, дӯст медорӣ ва пазмон мешавӣ. Албатта, ба Ватан омаданамон боз аз он ҷиҳат хуб шуд, ки фарзандонам, ки бештар бо забонҳои англисиву арабӣ суҳбат мекарданд, дараҷаи донистани забони тоҷикиашонро хуб карданд. Ҳарчанд, ман дар бораи таъриху тамаддуни халқамон ба онҳо мегуфтам, аммо боз омадану дидану шоҳид шуданашон хуб шуд.
— Дар ғарибӣ аз чӣ азият мекашидед?
— Ғарибӣ ҳамеша душвор аст, хоҳ пулдор бошӣ, хоҳ бепул. Пул ҷойи шаршараи ҳавлии падарро намегирад, пул ҷойи хешу ақраборо намегирад, пул ҷойи боду ҳавои ватан, кӯчаву паскӯчаи шаҳрро намегирад. Ғарибӣ дар иҳотаи бегонагон будан аст. Дар хонаи бегона то кай меистӣ?
— Дур аз ватан, чӣ ё киро бештар ёд мекардед?
— Ҳарчанд, модарам соле ду маротиба наздам меомаданд, аммо хеле зиёд ёдашон мекардам. Умуман, ҳама наздикону дӯстону пайвандонро пазмон мешудам. Дурӣ кори асон нест.
«Худамро муваффақ мешуморам»
— Асосан шумо тоҷир ҳастед. Тоҷирӣ барои як зан душвор нест?
— Инсон дар ҳар самту кор метавонад муваффақ гардад, агар ба шарте, ки дар роҳи рост бошад, дурӯғ нагӯяд. Ман ҳамеша рост будам, дар мавқеам истодам ва якрӯву якдил мондам.
— Чӣ сабаб шуд, ки тоҷир шудед ва оё дар ин самт худро муваффақ мешуморед?
— Албатта, худро муваффақ мешуморам, зеро дар тарабхонаи ман ҳунармандоне кор мекарданд, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам муваффақанд. Тиҷорати муваффақ ҳамин аст, ки солҳои зиёд умр бинад ва ба худу ҷомеа фоида расонад.
«Аз Худованд шарм медорам»
— Пеш аз он, ки доир ба фаъолияти сарояндагиатон ҳарф бизанед, дар бораи шодравон, ҳунарманди саршиносамон Тоҷиддин Муҳиддинов бигӯед. Кадом хотираҳои ширинро аз падар доред?
— Аз падарам ёддошти хеле зиёд дорам. Падарам номи маро кам ба забон мегирифтанд, балки маро “очаҷон” мегуфтанд. Ёд дорам, ки заминро нарм мекардем, дарахт мешинондем ва он кас доимо корҳои кардаашонро ба ман меомӯзониданд. Бисёр бо ман меҳрубон буданд.
— Пас аз даргузашти падар шояд шумо аз ҳама зиёд азо гирифта бошед. Чӣ гуна ба худ омада, зиндагиро идома додед?
— Дуруст гуфтед, ки аз ҳама зиёд ман азо гирифтам, зиёда аз даҳ сол. Бовар кунед, пас аз гиряи зиёд, вақте ки хабари маргеро мешунидам, аз чашмонам ашк намерехт, зеро ашкам хушк шуда буд. Сӯзиши дил, дӯстдории аз меъёр зиёд нисбат ба падар дар сарам саволҳои хеле зиёдеро меовард, ки ҳоло аз Худованд шарм медорам. Бубинед, ки зиёд аз 25 сол гузаштааст, аммо ҳоло ҳам бо шунидани садояшон ё дидани аксашон худамро дошта наметавонам.
— Барои кадом саволҳо аз Худованд шарм медоред?
— Он замон шикоят мекардам, ки чаро фалонӣ зинда асту падари ман не? Албатта, баъдтар фаҳмидам, ки тақдиру насиб аст ва набояд чунин саволҳоро фикр мекардам.
«Душмани мард мехоҳам»
— Шумо зиндагии хубу шоиста сохтед, чаро ба роҳи санъат омадед?
— Шумо фикр доред, ки бояд шахс махсусан барои пул санъаткор шавад ё зиндагии хуб надошта бошад? Санъат ба шароити зиндагӣ, пулу молу хонаву мошин кор надорад, ин корест, ки меҳрро талаб мекунад. Ман худамро сохтам ва баъд ба саҳнаи калон омадам, то ки муҳтоҷи касе набошам.
— Шумо хеле дер сароянда шудед. Оё воридшавӣ ба санъат бароятон душвор набуд?
— Ҳеҷ вақт дер нест, дар ҳеҷ кори дунё дерӣ нест. Асосан, ман дер ба санъат наомадам, зеро ҳанӯз замони мактабхонӣ бо Парвиз Пулодӣ суруд хонда будем, аммо тарсидаму ба сабти телевизионӣ нарафтам. Замони дар Дубай зиндагӣ карданам ҳам чанд суруд сабт карда будам.
— Сарояндагӣ душвор нест?
— Монеаҳо хеле зиёданд. Ман фикр намекардам, ки то ин ҳад дар шоу-бизнеси тоҷик душманиву бахилист. Монеаҳои зиёдро аз ҷониби дӯсту шиносу ношинос мебинам, хеле носипосиву туҳмату шантажро дидам. Вале ман дар роҳам ростам ва аз касе сари тарс надорам. Агарчи зан ҳастам, аммо хислати мардӣ дорам. Тавре Лоиқ Шералӣ гуфтааст “Душмани мард мехоҳам”. Аз ҳама бад он аст, ки душман бо ниқоби дӯст ба хонаву кори ту ворид мешавад. Албатта, мехоҳанд, ки маро шикананд, вале маро шикаста намешавад, зеро таҳкурсиам ниҳоят бақувват аст.
«Ҳар чӣ дилам хост, ҳамонро кардам»
— Агар шумо метавонистед дар ҳаёти худатон чизеро тағйир диҳед, он чӣ буд?
— Ҳеҷ чизро иваз кардан намехоҳам. Шукри Худованд, ки зиндагии беҳтаринро ба ман дод. Оилаи хуб, волидони муҳтарам, фарзандони намуна, корҳои ба дилам наздик ва ғайраҳо.
— Ба назари шумо, чӣ гуна одам метавонад маънии ҳақиқии зиндагиро дарк кунад?
— Одаме, ки бобову бибияш тарбияи хуб доштанду падару модарашро тарбияи хуб кардаанду ин шахс аз падару модараш тарбияи хуб гирифтааст.
— Агар шумо метавонистед ба Парвонаи 20-сола як паём фиристед, он паём чӣ мебуд?
— Албатта, дар аввал салом мефиристодам ва пасон мегуфтам, ки чӣ гунае, ки сарнавишт хатти тақдиратро навиштааст, ба пеш ҳаракат кун, мард бош, дастбахайр бош.
— Кадом асари фарҳангӣ (китоб, филм, суруд) ё шахсият ба шумо барои расидан ба муваффақият бештар таъсир расондааст?
— Ман китобҳои зиёд мехонам, аммо ягон китобу ягон филму сухани касе таъсирам накардааст, балки ҳар чӣ дилам, хост ҳамонро кардаам.
— Кадом сарояндагонро гӯш мекунед?
— Хонум Гугӯш, Муқаддас Набиева, Нигина Амонқуллова, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршедро гӯш мекунам. Аз мардҳо бошад, ҳоло хондани Хайриддини Шариф бароям писанд аст.
— Ташаккур барои суҳбати ошкоро
— Саломат бошед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ