Пешонии кафида. Чаро Акбар Махсумов бо Назаршоев баробар нест?
… Субҳ вақте ба кор омадам, ҳамкорон пешонии варамидаи маро дида, ба ҷои дилбардорӣ ба шӯхӣ сар карданд: яке инро ҳосили моҷаро бо янга гуфту дигаре шохзании гови оғил. Аммо дар хона янгаи ҷангара ҳам несту оғил ҳам гов надорад. Зеро шиносномаи “шаҳрӣ” дорему сокини пойтахт ба ҳисоб меравем. Аз ин миён танҳо як нафар сабаби асосии ба чунин ғурии “зебо” сазовор шудани бандаро ёфт:
— Барқ! Набудани барқ, шуморо соҳиби чунон “фонар” кард, ҳамин хел не мӣ, устод?
“Устод”, яъне банда бо оҳанги яъсу ноумедӣ ҷавоб додам:
— Бале…, — ва таърихи пайдоиши ғуриро нақл кардам…
… Гап дар сари он, ки вақте ман ба ҳаммом даромадам (аз хонанда узр мехоҳам), барқ фурӯзон буд. Нав собуни сарамро шустаму чашмамро боз кардам, ки барқ нест ва ҳаммом мисли гӯр торик аст. Бо дастонам деворро дошта, ба тахминам сӯи баромадгоҳ равон шудам. Аммо ин вақт касе ба пешониам чунон зарбае зад, ки ба назарам аз чашмонам як даста барқ парид. Маълум шуд, ки як гӯшаи чӯбдастаи фаршшӯиро пахш кардааму дастаи он ба пешониам задааст. Пас аз доду вой, бо кумаки аҳли байт бо пешонии ғуридор (хайрият чашмам зарар надид) аз он торикистон раҳо шуда, бо бонуи хона моҷаро бардоштам, ки наход кас полшӯякро дар ҳаммом монад? Аммо вай ҳам паст наомада мегуфт: “Худатон медонед, ки ҳар сол барқи мо хомӯш мешавад. Сад бор гуфтам, ки арзу дод кунед ва ё ягон дизелча харед, аммо миҷҷаатон хам нахӯрд…”.
… “Нисфи умратро деҳу рӯшноӣ хар ва нисфи дигарашро деҳу ҷӯшоӣ” гуфтаанд гузаштагонамон ва ин суханон беҳуда нестанд. Чандест дар хонаҳои мо (аксаран дар як вақти муайян) барқ хомӯш мешавад. Аввалҳо танҳо рӯзона буд, аммо ҳоло ин “беморӣ” ба қисмати шабона низ сироят кадааст. Тақрибан як моҳи охир, вақте ки “Барқи тоҷик” аз оғози мавсими “реҷа” эълон кард, аҳволи кӯчаи акдемик Акбар Махсумов (Будёнии собиқ), гузари Чаноро 2, ноҳияи Шоҳмансур аз деҳоти “реҷавӣ” ҳам бадтар шудааст. Зеро деҳотиён медонанд, ки имрӯз барқашон кай фурӯзон мешаваду кай хомӯш, аммо сокинони кӯчаи Акбар Махсум, ки чун як маҳаллаи пойтахти кишвар аз лимит озод аст, инро танҳо тахмин карда метавонанд. Баъзан аз соати 9-и саҳар то 5-и бегоҳ, баъзе вақт аз 11 то 3 ё 4, мувофиқи табъи барқрасонҳо. Вақте ки пас аз зангҳои пайдарҳами сокинон ба рақамҳои навбатдори доимии барқи Шоҳмансур (2-27-12, 2-27-13) ӯ ниҳоят гӯширо мебардорад, ба саволи шаҳрвандон танҳо ду ҷавобро такрор мекунад: “садама шудааст” ва ё “таъмир рафта истодааст”. Аммо аз таҷрибаи солҳои қаблӣ сокинон медонанд, ки “таъмир” ва ё ин “садама” то тобистони оянда идома хоҳанд ёфт.
Чунин тасаввурот ҳосил мешавад, ки дар ин фасл ҳамаи садамаю таъмири барқи шаҳр ба кӯчаи академики номдор мекӯчанд ва бо фарқ аз ҳамсоякӯчаи онҳо (Шапкин, ҳоло Назаршоев, ки на садама доранду на таъмир) танҳо тобистон аз ин балоҳо халос мешавад. Агар ягон гӯшаи шаҳр ҳам “реҷа” шуда бошад, чаро рӯирост намегӯянд? Баъзе аз сокинон мегӯянд, ки гӯё соатҳои “таъмиру садамаи” барқ дар ин кӯча, барқи он ба ким-кадом “дробилкаҳо”-и (дастгоҳҳои сангмайдакунӣ)-и соҳили Кофарниҳон дода мешавад. Ин овозаро на тасдиқ ва на рад карда метавонем ва ҳақиқати ҳолро танҳо комиссияе, ки бояд барқрасонҳо ташкил кунанд, муайян месозад…
Воқеан, дар бораи комиссияи барқ. Сокинон чандин маротиба чунин комиссияро барои санҷидани қувваю иқтидори барқ даъват карданд, вале боре ҳам пояшро ба ин минтақа нарасонидааст. Ҳол он ки, се сол боз сокинон дар бораи он, ки ҳатто дар фасли тобистон иқтидори барқ дар ин ҷо аз 150 кв боло нест ва пас аз сохтмони хонаҳои нав дар ин маҳалла боз ҳам пасттар шудаасту на яхдон ва на кондитсионер маҷоли ҷунбидан надорад, аризаҳои дастаҷамъӣ мебаранд, ки ақаллан дар гӯшаи дигари ин маҳалла як трансформатори камиқтидор ҳам бошад, шинонда, “бори трансформатори хизматрасон”-ро камтар кунанд, аммо ба ғайр аз ваъдаи “меомӯзем” дигар ҳосиле нест.
Тобистони сипаришуда маҷбур шудем дар нишасти матбуотии “Барқи тоҷик” ин масъаларо бардорем ва дар он ҷо ҳатто як роҳбари масъул рақами телефонҳои муаллифи ин сатрҳоро навишта гирифта гуфт, ки ҳатман дар тамос мешавад, вале то ҳол “аз санг садо ҳасту аз барқ нест”.
Наход зимистони дарпешистода ҳам ман боз бо пешонии дунгу лаби кафида ба кор оям, ҷанобони барқчӣ? Ё пул ҷамъ карда, ягон дизелча хараму шуморо аз ташвиш озод кунам?
Абдумудассир АҲМАДЗОДА,
сокини маҳаллаи Чаноро 2
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ