Парвозҳо байни Исроилу Тоҷикистон эҳё мешаванд

Дар фурудгоҳҳои ин кишвар санҷишҳои сар то сарӣ барои коронавирус гузаронида мешаванд ва ҳамаи чораҳои санитарӣ ҳангоми расидан ба Исроил андешида мешаванд.

Пас аз 16 март маҳдудиятҳо дар самтҳои парвози мусофирон дар Исроил бекор карда мешаванд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Исроил гуфтааст.»Ҳоло парвозҳо ба Исроил аз ҳар самт анҷом дода мешаванд. Шумораи парвозҳои воридшаванда тибқи квотаи 3000 нафар дар як рӯз маҳдуд хоҳад шуд», — омадааст дар изҳороти ин сохтор.
Дар фурудгоҳҳои ин кишвар санҷишҳои сар то сарӣ барои коронавирус гузаронида мешаванд ва ҳамаи чораҳои санитарӣ ҳангоми расидан ба Исроил андешида мешаванд.
Вазорати тандурустии Исроил ҳуқуқи лағви ҳар парвозеро, ки метавонад ба саломатии аҳолӣ хатар дошта бошад дорад.
Байни Исроил ва Тоҷикистонро қаблан парвозҳо дар се самт амалӣ мешуданд: Тел-Авив — Хуҷанд, Хуҷанд — Эйлат, Тел-Авив — Душанбе (бо нишаст дар Дубай) .

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *