Навалний дар куҷо муҳлати зиндонро сипарӣ мекунад?

Вакили дифои Навалний ҳафтаи гузашта гуфт, вақте ба боздоштгоҳи вилояти Владимир барои дидани ӯ рафт, барояш гуфтанд, ки Навалний ба ҷои дигар интиқол дода шудааст, вале нагуфтанд ба куҷо

Агентии хабарии давлатии ТАСС дар Русия навишт, ки сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний дар як зиндони шаҳри Покров нигаҳдорӣ мешавад. Айни замон, ба иттилои ҳамкоронаш, ба онҳо дар бораи макони нигаҳдории ӯ ҳеҷ иттилои расмӣ дода нашудааст. Ба навиштаи хабаргузорӣ, дар номае, ки дастрас кардааст, Навалний дар муассисаи ислоҳии рақами 2-и Покров мебошад ва ӯро зоҳиран чанд рӯз пеш ба он ҷо интиқол додаанд. Ин хабар дар ҳолест, ки вакили дифои Навалний ҳафтаи гузашта гуфт, вақте ба боздоштгоҳи вилояти Владимир барои дидани ӯ рафт, барояш гуфтанд, ки Навалний ба ҷои дигар интиқол дода шудааст, вале нагуфтанд ба куҷо. Навалний, ки баъди як заҳролудшавӣ бо заҳри низомие дар Сибир давоми ним сол дар Олмон табобат гирифту моҳи январ ба Маскав баргашт, боздошт ва баъди ду ҳафтааш ба 2,5 соли зиндон маҳкум шуд. Суд гуфт, ки ӯ ҳукми суди соли 2014-ро дар бораи ҳабси шартӣ нақз кард. Ин қарор эътирози тарафдорони ӯро ба бор овард ва Ғарбу Аврупо саркӯби эътирозгарону ҳабси Навалнийро маҳкум карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *