Парвозҳо миёни Душанбе — Самара зиёд шуд

Ширкати ҳавопаймоии Nordwind Airlines парвозҳоро дар ин самт оғоз мекунад.

— Рӯзи ҷумъаи 31-уми март ҳавопаймоҳои иловагӣ дар самти Самара — Душанбе парвоз мекунанд. Дар ҷадвали Фурудгоҳи байналмилалии Курумоч шумораи парвозҳо афзоиш ёфтааст,- хабар медиҳад хадамоти матбуоти фурудгоҳи шаҳри Самара.

«31-уми март ширкати Nordwind Airlines парвозҳоро ба Душанбе оғоз мекунад. Парвозҳо дар як ҳафта як маротиба анҷом дода мешаванд»,-гуфта шудааст дар хабар.

Инак, рӯзҳои ҷумъа ба пойтахти Тоҷикистон парвоз кардан мумкин аст. Вақти парвоз аз Самара 06:45 ва бозгашт аз Душанбе 12:30 таъйин шудааст. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Боинг-737 анҷом дода шуда, мусофирон дар роҳ 3 соату 20 дақиқа вақт сарф мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» низ дар ин самт парвозҳо анҷом медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *