Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: ифтитоҳи токзор дар “Боғи миллии Ваҳдат”

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ба бунёди токзори хавозавӣ, ки барои парвариши 4 намуди ангур пешбинӣ шудааст, оғоз бахшид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, масоҳати токзори мазкур 7 гектар буда, дар он парвариши ангурҳои навъҳои гуногун бо усули исканапайванд дар танаҳои 1453 адад токи амудӣ бо истифода аз таҷрибаи токпарварони шаҳри Турсунзода ба роҳ монда мешавад. Навъҳои пайвандашаванда бошад, аз хоҷагиҳои токпарварии ноҳияи Ашт ва шаҳри Турсунзода дастрас карда шудааст.

— Дар боғи миллии Ваҳдат ҳамчунин дар масаоҳати 0,50 га замин анорбоғ бунёд кардаанд. Боғдорон 420 адад ниҳоли яксолаи навъи Сомғорро шинонида, барои нашъунамои хуби он аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд,- меафзояд манбаъ.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба олимону мутахассисони соҳа ҷиҳати таьмини амнияти озуқаворӣ, зиёд намудани токзору боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, самаранок истифода бурдани замин ва афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ дастурҳои мушаххас додааст.

Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *