Парвози нав миёнаи Душанбе ва Остона

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ифтитоҳи хатсайри мустақими мунтазам аз Душанбе ба пойтахти Қазоқистон — Остона хабар медиҳад.

Хатсайри нав на танҳо шабакаи хатсайрҳои ширкатро васеъ мекунад, балки ба рушду таҳкими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат менамояд ва ба мусофирон имкони анҷом додани парвозҳои мустақим байни пойтахтхои хар ду давлатро фароҳам меорад.

Нахустин парвоз аз Душанбе ба Остона рӯзи 2 апрел дар назар аст. Интизор меравад, ки парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои сешанбе анҷом дода шаванд. Аз 19 апрел басомади парвозҳо ба Остона то ду парвоз дар як ҳафта — рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа афзоиш меёбад.

Имрӯз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбакистон бомуваффақият анҷом медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *