Пас аз сангборони “КамАЗ” раиси вилояти Суғд ба Исфара рафт
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд барои баррасии вазъи марз ба шаҳри Исфара сафар кардааст. Дар ин бора аз ҳукумати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
“Ба эҳтимоли зиёд Аҳмадзода аз ҷамоати Ворух дидан намуда, дар ин асно рухдоди ҳодисаи сангзании мошини “КамАЗ”-и сокини Чоркӯҳ аз сӯи қирғизҳоро бо масъулони вилояти Ботканд мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод”, — гуфтааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки як нафар корбари “Фейсбук” — Зубайдулло Шомадов бо пахши чанд акс дар ин шабакаи иҷтимоӣ аз рафтори қирғизҳо интиқод кард.
Бино ба иттилои ӯ, “санаи 20-уми январи соли 2022 дар ҳудуди деҳаи Оқсой қирғизҳо мошини боркашони тамғаи “КамАЗ” -ро, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Асламов Н. идора мекарду ба деҳаи Ворух маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла хӯрока мебурд, сангборон карданд. Дар натиҷа тирезаҳои мошин ва фарҳои он шикаст. Худи ронанда бошад, осеб дид”.
— Ин рафтори иғвобарангезонаи сокинони Оқсой бори дигар нишон дод, ки онҳо бо ҳар восита мехоҳанд вазъро номуътадил намуда, байни аҳолӣ низоъ ангезанд,- изҳори нигаронӣ мекунад Шомадов.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ