Як интиқоди Рустами Эмомалӣ

“Интернети мо ниҳоят суст”, “симкортҳо гарону тарофаҳои номусоид”, “дар ноҳияи мо “связ” нест”, “интернети ман ҳамеша “Е” меқапад”, “биёед, аз ширкатҳои мобилиямон даст мекашем”, “мо пул медиҳем ва ҳаққи интихоб надорем”…- чунин эътирозу норозигиҳо ҳамарӯза аз забони мардум садо медиҳанд, вале ҳеҷ нест, ки ширкатҳои мобилӣ ба доди мардум расанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ чор ширкати мобилӣ — “Мегафон Тоҷикистон”, Tcell, ZET-MOBILE ва Babilon-T фаъолият мекунанд. Новобаста ба эътирозҳо, онҳо роҳҳои тоза ба тозаи пулкоркуниро меҷӯянд, на беҳтар сохтани сифати хизматрасониро.

Mobile operators in Tajikistan

Рустами Эмомалӣ: Кор каму реклама бисёр

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе зимни ҷаласаи ҳисоботӣ аз фаъолияти панҷсолааш дар баробари дигар мушкилоти пойтахт ба сифати хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ низ дахл карда, аз ҷумла гуфт: «Хидматрасонии ин ширкатҳо (манзур ширкатҳои мобилӣ) ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва рӯнамоиашон аз сатҳу сифати фаъолияташон бештар мебошад».

Рустам Эмомали предложил превратить Душанбе в зелёный город » "СНГ СЕГОДНЯ"  - последние новости стран СНГ читайте на SNG.TODAY

Ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир кардани шаҳрдор гувоҳи он аст, ки мушкилоти сифати хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ таъсири сахти манфӣ ба афкори сокинони шаҳри Душанбе гузоштааст. Зеро имрӯз рушди иқтисодиёт, пешрафти фарҳанг, густариши равобит бо кишварҳои хориҷиро бидуни пешрафт ва хизматрасонии босифати ширкатҳои мобилӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Сифати хуби алоқаи телефонӣ, интернет имкон фароҳам меорад, ки масоили муҳим, аз ҷумла иттилоотӣ, тарғиби дастовардҳои кишвар, баланд бардоштани имиҷи сиёсии кишвар ба пояи баланд бардошта шавад.

Интиқоди Рустами Эмомалӣ сокинони ҷумҳуриро водор сохт, ки аз ин мушкилоти худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ошкоро ҳарф зананд. Замоне ки роҳбаре дар ин сатҳ дар фикри беҳбуди зиндагӣ ва беҳтар сохтани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум аст, дилгармӣ ва садоқати мардум бештар мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон: бо ин пул метавон “Роғун”-ро бунёд кард

Моҳи декабри соли гузашта Президенти кишвар дар Паёми солонааш ба Парлумон аз сарфи зиёди маблағи мардум ба ширкатҳои мобилӣ ҳарф зад. Ӯ гуфт: “Танҳо давоми 10 соли ахир барои истифодаи алоқаи ширкатҳои мобилӣ аз ҷониби аҳолии кишвар 30 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст. Мо ба ширкатҳои мобилӣ, ки 90 фисадаш ширкатҳои хориҷист, ҳар сол се миллиард сомонӣ маблағ медиҳему мегӯем, ки маблағ надорем»,- афзуд Президент.

Эмомали Рахмон в пятый раз переизбран на пост президента Таджикистана

Президент гуфт, ки маданияти истифодабарии телефонҳои мобилиро бояд дида бароем: «Махсусан кӯдакону наврасонро бояд аз он эҳтиёт кард, зеро паёмадҳои он вазнин аст ва касалиҳои зиёд аз он пайдо мешавад”.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар мо барои гуфтугӯи телефонӣ дар даҳ соли охир 30 миллиард сомонӣ (се миллиард доллар) сарф шудааст, ки бо он метавон  НБО «Роғун»-ро бунёд кард.

Дар чунин ҳолат ширкатҳои мобилӣ бояд аз рӯи инсоф кор гиранд. Маблағи мардумро мегиранд, вале хизматрасонии босифат надоранд, бе хоҳиши муштариён алоқаро пур аз реклама сохтаанд.

Чароҳои мардум ва лабҳои бастаи ширкатҳои мобилӣ

Масъулин қабул надоранд, ки мардум пайваста аз хизматрасониҳои онҳо шикоят доранд. Узр мехоҳем, онҳо танҳо як чизро медонанд, бо чашмбандӣ аз мардум пул ситонидан. Ҳатто, кор ба ҷое расидааст, ки мардумро аз ҳуқуқи интихоб маҳрум сохтаанд. Тарофаҳои мувофиқи ҷайби мардуми камбизоат, онҳое, ки аз интернет истифода бурда наметавонанд, надоранд.

Муҳлати сабти симкортҳо шаш моҳ дароз карда шуд. ВИДЕО

Мардум бошанд, маҷбуранд, ки ба ин шеваи хизматрасонӣ тоқат кунанд, зеро дигар роҳе надоранд. Масалан, дар Тоҷикистон симкорти бе интернет нест. Чаро? Касе намедонад!

Ку мантиқ? Аҷабо, барои бобои 90-солаамон симкорт мегирем ва бояд ҳатман пули интернетро пардохт кунад.

Мо ҳаққи интихоб надорем, ҳар он чизе, ки ширкатҳои мобилӣ хоҳанд, пешниҳод мекунанд ва мо қабул мекунем ва ин дар ҳолест, ки ниҳоди масъули танзим ва назораткунанда Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Хадамоти алоқа ба ин мушкилот аз паси ангуштон назар меандозанд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

P.S.

Тибқи маълумотҳо, агар шумораи муштариёни телефонӣ соли 1991 ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас дар соли 2021 шумораи танҳо муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ ба беш аз 8 миллион нафар расидааст. Ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Ва аҷобати кор дар он аст, ки дар раддабандии нави суръати интернети мобилӣ Тоҷикистон дар байни 140 кишвари дунё дар ҷои 129-ум қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *