Патенти муҳоҷирон бидуни убури марз тамдид мешавад

Ба иттилои РИА Новости Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро қабул кард, ки мувофиқи он шаҳрвандони хориҷӣ имкон пайдо мекунанд патентро бидуни убури марз тамдид кунанд, хабар медиҳад.  

Ин қонун имкон медиҳад, ки муҳоҷирон бе убури марз патенти худро тамдид карда, қонунан дар ҳудуди Русия кор кунанд ва корфармоён аз қувваи кории расмӣ истифода кунанд.

Манбаъ афзуда, ки қонуни нав ба хотири бехатарии давлат ва пешгирии паҳншавии коронавирус қабул шудааст.

Бино бар иттилоии хадамоти матбуотии Федератсияи муҳоҷирати Русия Президенти Федератсияи муҳоҷирати Русия Вадим Коженов ба Михаил Мишустин, сарвазири Федератсияи Русия муроҷиат карда, дархост кард, ки пардохти маблағи патенти муҳоҷирон дар давраи чораҳои карантинӣ бекор кунанд.

Ба ин даъвати Коженов шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷӣ ҳамроҳ шуданд, аз ҳукумати Русия даъват кардаанд, ки дар чунин лаҳзаи душвор онҳоро дастгирӣ кунад. «Муҳоҷирон дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо саҳми назаррас доранд. Пардохти ҳарсолаи буҷети давлатӣ аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ тақрибан 60 миллиард рублро ташкил медиҳад. Ҳоло, дучори вазъе шудаанд, ки то поёни қарантин ба дастгирӣ ниёз доранд”,- гуфта мешавад дар иттилоия.

Қаблан, Ренат Каримов, роҳбари Иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатӣ, гуфт, ба Сергей Собянин, мири Маскав, муроҷиат кардаанд, то муҳоҷиронро муваққатан аз пардохти патентпулӣ озод кунанд
Ба гуфти Ренат Каримов муҳоҷирони меҳнатиро осебпазиртарин қишр дар Русия, аз ҷумла дар Маскав хонд, ки аз ҳимояи лозимӣ бархӯрдор нестанд.

Ҳамзамон, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия низ зикр кард, ки барои муваққата озод кардани муҳоҷирон аз пардохти патент ба ҳукумати Русия дархост мекунанд.

Муроҷиати Коженов дар ҳолест, ки  Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба далели хуруҷи коронавирус, рӯзҳои таъттилро дар кишвараш то 30 апрели соли равон тамдид кард.

Ин ҳама дар ҳолест ки Юрий Московский, раиси Комиссияи муҳоҷирати Шӯрои миллатҳои назди ҳукумати Маскавдар пайи тасмими сафорати Тоҷикистон дар Русия оид ба пешниҳоде ба ҳукумати ин кишвар ҷиҳати қатъи муваққатии патентпулӣ гуфт, чунин пешниҳод самараи хуби иқтисодӣ ва сиёсӣ хоҳад дошт. «Ин на патент, балки пешпардохт аст. Дар ин бора сар аз оғози чораҳои карантинӣ гуфта мешуд. Зарур аст, ки маблағи пешпардохтро дар замони карантин кам кард ва ё беҳтараш умуман муваққатан қатъ кард», — гуфтааст ба расонаҳо.

Бояд ёдрас шуд, ки Русия аз соли 2015 сар карда муқаррароти доштани ҳатмии патенти корро ҷорӣ кард ва то соли 2019 аз ин ҳисоб ба буҷаи ин кишвар 171 миллиард рубл ворид гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *