Патрушев: 90% маводи мухаддири ҷаҳон “афғонӣ” аст

Николай Патрушев,  дабири Шӯрои амнияти Русия  ба хабарнигорон гуфт, ки таҳдиди асосӣ аз Афғонистон терроризм аст.

Ба гуфти ӯ,  тибқи ҳисобҳои гуногун, феълан дар Афғонистон беш аз 20 сохтори террористӣ фаъолият доранд.

Шумораи умумии террористон дар кишвар аз 23 ҳазор нафар бешатр аст.

Патрушев ҳамчунин ба қочоқи маводи мухаддир дар минтақа таваҷҷуҳ карда гуфт, ки даромад аз ин роҳ то ҳол «манбаи асосӣ» барои фаъолиятҳои террористӣ боқӣ мемонад.

«Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи афъюн дар ҷаҳон боқӣ мемонад, ки то 90 дарсади бозори ҷаҳониро таъмин мекунад», — гуфт котиби Шӯрои амнияти Русия.

10 ноябр дар пойтахти Ҳиндустон нишасти котибони шӯроҳои амниятӣ баргузор шуд. Пас аз анҷоми ҷаласа изҳорот иборат аз 12 банд ба имзо расид.

Чорабинӣ бо ширкати намояндагони Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон доир шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *