Дар ҷаҳон норасоии сузандору ба амал меояд

Соли 2022 шояд дар ҷаҳон камбудии сӯзандоруҳои махсуси тиббӣ, ки барои ваксина алайҳи COVID-19 истифода мешаванд, ба амал ояд.

 Дар соли 2021 зиёда аз 6,8 миллиард ваксинаи COVID-19 гузаронида шуд. Лиза Ҳедман, мушовири аршади Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба дастрасӣ ба доруҳо ва маҳсулоти тиббӣ, гуфт, ки ин нисбат ба шумораи сӯзандоруҳои истеҳсолшуда — шаш миллиард дар як сол аст.Яъне ҳар сол 800 миллион сӯзандору камтар истеҳсол мешавад.  Вай мутмаин аст, ки истеҳсолкунандагони саросари ҷаҳон бояд роҳи афзоиши истеҳсоли сӯзандоруҳои якдафъаинаро пайдо кунанд. Агар ин таносуби асбобҳои тиббии истифодашуда ва истеҳсолшуда ислоҳ нашавад, ҷаҳон метавонад дар соли 2022 ба камбуди ду миллиард сӯзандоруҳо дучор шавад, гуфт Ҳедман.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *