Парвозҳои мунтазам ба Русия оғоз мешавад

Моҳҳои наздик парвози мунтазами ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистон ва Россия оғоз  мешавад.

Дар ин бора Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании Точикистон зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 15-уми феврал  ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Мо чанде пеш бо як гуруҳи корӣ дар Маскав қарор доштем. Бо шарикони худ дар ин бора суҳбат кардем. Ҳоло дар Тоҷикистон, хушбахтона коронавирус нест. Дар Россия ҳам ин беморӣ коҳиш ёфтааст. Ҳудуди 70 дарсади парвозҳое, ки дар умум аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ба Русия рост меояд. Ҳоло ҷониби Россия роҳҳои ҳавопайморо ба Қирғизистон, Арманистон, Озарбойҷон боз кардааст. Рӯзҳои наздик роҳро ба Қазоқистон ва Қирғизистон боз мекунад»,-иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи директори агентӣ, интизор меравад, ки дар наздиктарин фурсат Россия ба Точикистон ҳам роҳро боз мекунад.  Тоҷикистон  ҳанӯз моҳи июн қарор дода буд, ки метавонад парвозҳои муқаррариро бо Русия аз сар гирад. Зеро Тоҷикистон ба талаботҳои ҷониби Русия дар бораи вазъи эпидемиологӣ пурра ҷавобгӯ аст.

«Акнун қарори барқарор кардани парвозҳо танҳо аз Русия вобаста аст», — таъкид кард Субҳонзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *