То соли 2023 алифбои лотинӣ ҷорӣ мешавад

Забони ӯзбекӣ ва дигар забонҳои Осиёи марказӣ то авохири даҳаи 1920 бо хати форсӣ-арабӣ навишта мешуд ва сипас алифбо ба лотинӣ тағйир ёфт то замоне ки Шуравӣ дар соли 1940 алифбои русиро ворид кард.

©
Дар Ӯзбекистон Вазорати адлия дар баёнияе эълом кардаастӣ, ки аз соли 2023 дар ин кишвар дигар хатти кирилӣ пура аз байн бурда мешавад.
Ин тасмими давлати Ӯзбекистон пас аз он эълом шуд, ки Шавкат Мирзиёев, президенти ин кишвар дар фармоне хостори суръати бештар дар гузаштан ба алифбои лотинӣ шуда буд.
Забони ӯзбекӣ ва дигар забонҳои Осиёи марказӣ то авохири даҳаи 1920 бо хати форсӣ-арабӣ навишта мешуд ва сипас алифбо ба лотинӣ тағйир ёфт то замоне ки Шуравӣ дар соли 1940 алифбои русиро ворид кард.
Дар соли 1993 камтар аз ду соли пас аз фурӯпошии Шуравӣ, Ӯзбекистон гузар ба алифбоии лотӣнро оғоз кард,аммо алифбоии русӣ ҳамчунон ба таври густардае мавриди истифода аст. Дар Қазоқистон ҳам қарор аст раванди гузар ба алифбоии лотинӣ то соли 2025 ба охир расад.Туркманистон дар соли 1993 ва Озарбойҷон ҳам дар 25 декабри 1991 алифбои русиро бо алифбоии лотинӣ иваз карданд. Дар ОМ танҳо Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчун асос алифбои русиро истифода мебаранд.Тоҷикистон ва Қирғизистон то охир «русӣ» мемонанд, маълум нест…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *