Вируси Валентина ваксина дорад?

Ҷашни касифро, ки Влентин ном гирифтааст бархе аз афроди ҷомеаи мо нафаҳмида кур курона ид мекунанд.. Ҳатто намедонанд,ки ӯ гомосексуалист буд.

Дируз новобаста ба он,ки мо ҷашне бо номи “Рӯзи Валентин” надорем, як гурӯҳ ҷавонону духтарон ин рӯзро дар пайравӣ аз дигар кившарҳо ид карданд. Мо аз паҳншавии вируси ҳамагир нигаронем.Вируси фарҳанги бегона моро ру ба таназзули харобии фаросату,ақл,бетафовутӣ,бетамизиҳо,арзонии беҳаёиҳо бурда истодасту мо…
Пас роҳи наҷоти ин паҳншавиро тадбир чист? Тадбирчуён кистанд? Сарвари кишвар,роҳбарони вилоят, раисони шаҳру ноҳия ба масъулини сохторҳо доир ба масоили доғи руз ва пешгирии хатари фарҳанги бегона дар ҷомеаи тоҷик амру фармон медиҳанд,аммо масъулину шуъбаҳо ин гуна идрок доранд,ки вобаста ба мазмуни чунин амру фармонҳо чораву тадбирҷуи намоянд??
Суқрот гуфтааст: «Хурокатон бояд дармон бошад ва дармонатон хурок бошад».. Яъне мо бояд таомеро ошомем,ки фоидабахш бошад, на зарарнок.. Рӯзи Валентин оҳиста оҳиста ҷомеаи моро фарогир шуда ҷойгоҳ гирифтанист.. Мо аз он сабаб ин номҳои бонувони шуҷоъро ба фарзандон мегузорем,ки номашон муҷассамаи шукуҳи нангу номус боиси обруву эътобори халқу миллатамон гардидааст.Аммо ҷашни касифро, ки Влентин ном гирифтааст бархе аз афроди ҷомеаи мо нафаҳмида кур курона ид мекунанд.. Ҳатто намедонанд,ки ӯ гомосексуалист буд. Тамоми фурушгоҳо барои ҷавонони ноогоҳ рамзи ин идро бо додани гулдастаҳову суратчаҳову сохтаҳои нусхаи ДИЛ ба роҳ мондаанд,ки хатарашро солҳост эҳсос мекунем ва бетафовутем.. Як тан дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависад: “Ман ҷонибдори рӯзи Валентина набошам ҳам, шодии мардумро дида шод мегардам. Пас ин ҷашнвора баҳонаест ба хурсандии ҳамагон.Мардум шодиҳо доранд магар бад аст?”Бад аст, магар мо кам рузҳои хурсандии худӣ дорем? Навруз 6 руз давом мекунад,Ваҳдат,Сада,Рузи Истиқлол,Меҳргон,Рузи Тиргон,… Шодиҳое ки мо дар ин ҷашн дорем каси дигар надорад..
Ҷашни қадимаи беш аз 6000 солаи мо Иди Қурбону Рамазон магар рузи шодиҳои мо нест?
Раънои Зоирдухт,
шоира

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *