Пеш аз тӯй арӯсро оғӯш кардан равост?

Мехоҳам донам, ки аз нигоҳи дини мубини ислом пеш аз никоҳ бо ҳамсари ояндаи худ, яъне бо арӯсшаванда гаштан, ӯро бӯса кардан ва ба оғӯш гирифтан мумкин аст ё на? Ба мо ҷавонон дар ин маврид чӣ маслиҳат медиҳед?

АБӮБАКР, ноҳияи Ҳисор

Посух:

Тақрибан ҳама медонанд, ки аз нигоҳи дини мубини Ислом бо зани номаҳрам хилват кардан ва бӯсидану ба оғӯш гирифтани ӯ ҳаром аст.

Худованд бандагонашро аз роҳҳо ва ангезаҳои зино барҳазар дошта, мефармояд: «Ва ба зино наздик машавед. Зино коре зишт ва шевае нописанд аст!» (Сураи «Исро», ояти 32).

Занеро ҳамсари ояндаи худ интихоб карданӣ бошед, аз нигоҳи шариат фақат метавонед пеш аз тӯй ва никоҳ як бор ӯро бубинед, вале на дар ҷойи хилват. Худованд ба шумо тавфиқи тоат, парҳез аз маъсият ато фармояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *