Пешгӯиҳои экстрасенс: Арзонӣ не, фаровонӣ мешавад!
Инак, соли 2024 фаро мерасад ва харгӯш ҷои худро ба моҳӣ вогузор мекунад. Хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҷаноби Мундонӣ дар остонаи Соли нави мелодӣ бо экстрасенс Холиқназар Ҷумъазода суҳбати сарироҳие анҷом дода, аз баъзе пешгӯиҳои ӯ огоҳ шуд, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
— Муҳтарам экстрасенс. Нахуст шуморо бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик мегӯем.
— Соли нав ба хонандагони нашрияи “Тоҷикистон” ва ба кулли ҳамватанон муборак бошад! Инак, харгӯш оҳиста-оҳиста аз назарҳо пинҳон мешавад ва моҳӣ ҷавлонзанон ба майдон меояд. Тавсия медиҳам, ки дар ин сол хеле эҳтиёткор бошед, зеро моҳӣ лағжонак аст. Оддитарин беэҳтиётӣ метавонад боиси аз даст рафтани баъзе дастовардҳо ва ҳатто бозёфтҳоятон шавад. Тибқи пешгӯиҳои мо, барои моҳӣ имсол соли басо душвор хоҳад буд. Зеро моҳӣ як давраи басо вазнинро аз харгӯш қабул мекунад. Даврае, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти бузурги иқтисодӣ ва ҷангу кушторҳо гирифтор аст ва идоракунӣ торафт душвор мегардад.
— Мо ҳама хуб огоҳем, ки ҳамаи пешгӯиҳои шумо дар соли 2023 амалӣ шуданд. Оё рост аст, ки ҳатто экстрасенсҳои бузурги ҷаҳонӣ гоҳо ба шумо барои машаварат муроҷиат мекунанд?
— Агарчи шумо оид ба муроҷиати экстрасенсҳои бузурги ҷаҳонӣ каме муболиға кардед, вале хато ҳам накардед. Воқеан, мо экстрасенсҳо гоҳо сари мавзуҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷангҳо бо ҳам машварат мекунем. Масалан чанде пеш экстрасенси машҳури Россия Александр Иванов, ки миёни 24 нафар экстрасенсҳои рус ғолиб омада буд, ба ман муроҷиат кард. Мо оид ба хатми ҷанги Русияву Укроин ва Исроилу Фаластин баҳс доштем, вале ба мувофиқа нарасидем.
— То он ҷое огоҳем, аксари экстрасенсҳо пешгӯӣ карда буданд, ки ҷанги Русияву Укроин дар соли 2023 хотима меёбад. Вале шумо қайд карда будед, ки баръакс, ҷанги мазкур маҳз дар соли 2023 авҷ мегирад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Лутфан бигӯед, ки ҷанг дар Укроин дар соли 2024 ба итмом мерасад ё не?
— Ҷанги Русияву Укроин дар соли 2024 хотима намеёбад, вале мутаваққиф мешавад.
— Ҷанги Исроилу Фаластин чӣ?
— Нахуст бояд бигӯям, ки ояндаи ин ҷанг ба Амрико вобаста аст, на ба худи Исроил ё Фаластин. Баъдан, амали Исроил дар муқобили фаластиниҳо нишон дод, ки давлати Исроил бераҳмтар аз террористон ва ҳатто бераҳмтар аз Гитлери фашистӣ аст. На раҳм ба кӯдакон дорад, на ба занон ва на ба пиронсолон. Ин бераҳмӣ дар тамоми минтақа бадбиниро алайҳи ин давлати ғосиби яҳудӣ бештар кард ва эҳтимолияти ҷангҳои бештарро дар минтақа ба вуҷуд овард. Бинобар ин, ин ҷанг ҳам ба итмом намерасад, вале бо кӯшишҳои давлатҳои минтақа ва ҷаҳон як давраи муайян боз дошта мешавад.
— Имрӯзҳо давлатҳои ҷаҳон аксаран ҳалли ҷанги Ховари миёнаро дар ташкили ду давлат дар ҳудуди Фаластин медонанд. Оё СММ ба ташкили давлати Фаластин дар паҳлуи Исроил муваффақ мешавад?
— Тибқи пешгӯии мо, новобаста ба кӯшишҳои давлатҳои ҷаҳон ва масъалагузориҳои ҳарчи бештар дар СММ давлати Фаластин ташкил намешавад. Чунки ба ин на танҳо Исроил, балки Амрико, ки Исроилро чун яке аз иёлоти худ медонад, иҷозат намедиҳад.
— Барои чӣ иҷозат намедиҳад?
— Барои он ки Исроилу Амрико аз ташкили давлати Фаластин дар паҳлуи Исроил сахт метарсанд. Метарсанд, ки агар як давлати пуриқтидор дар ҳамсоягии ин кишвар ташкил шавад, даъвои заминҳои ишғолиро мекунаду хоки Исроилро мебезад. Фаромӯш накунед, ки инқилобҳои давлатҳои арабро маҳз Амрико ташкил карда буд, то дар атрофи Исроил ягон давлати пуриқтидор пайдо нашавад. Ҷангҳои Сурия, Ироқ, Ливан ва табаддулоти Миср мисоли равшани ин гуфтаҳост.
— Оё давлати яҳудӣ барои хатми ҷанге, ки имрӯз бо чунин бераҳмӣ пеш мебарад, ягон гузаште дар соли 2024 ба фаластиниҳо мекунад?
— Давлате, ки ғосиб аст ва дар ҳудуди кишвари бегона ташкил шудааст, ҷуз ғасби минтақаҳои нав, ҳеҷ гузаште наметавонад бикунад. Чунки ғасби ҳудудҳои бегона аз рӯзи ташкили давлати Исроил шиори он буд ва ин шиор куҳна нашудааст. Тибқи пешгӯиҳои мо — экстрасенсҳо, баъд аз Ғазза яҳудиҳо ба Ливан ҳуҷум мекунанд ва кӯшиши ғасби қисме аз кишвари Ливанро то дарёи Литанӣ мекунанд.
— Биёед баргардем ба Тоҷикистон. Дар соли 2024 Тоҷикистонро чӣ навгониҳое интизоранд?
— Нахуст якчанд санаҳои муборак дорем, ки хеле бошукуҳ таҷлил мешаванд. Ба ин аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад, ки соли 2024 аз қабули он 30 сол пур мешавад. Эҳтимол меравад, ки бахшида ба ин санаи муборак як авфи бузург қабул шуда, зиндониёни зиёде аз маҳбасҳо озод шаванд.
— Вобаста ба нарху наво чӣ мегӯед? Дар соли 2024 арзонӣ мешавад ё не?
— Тибқи пешгӯиҳо арзонӣ намешавад, вале то андозае фаровонӣ мешавад. Зеро соли 2024 соли моҳӣ аст. Моҳӣ рамзи серобӣ буда, соли сербориш мешавад. Дарёҳо серобу обанборҳо пур мешаванд. Серобӣ ки шуд, ҳосил хуб мешавад. Ҳосил ки хуб шуд, фаровонӣ мешавад.
— Болоравии маошу нафақа низ дар назар ҳаст?
— Бале, тибқи таҷрибае, ки ҳамасола пеш меравад, эҳтимол дорад дар соли равон низ маош то 15-20 фоиз боло бурда шавад ва нафақа низ.
— Васоити ахбори оммма ҳамеша аз кам будани маоши муаллимон ва набудани имтиёзҳо барои эшон менависанд. Оё Вазорати маориф ва илм роҷеъ ба баланд бардоштани маоши муаллимон ва ҷорӣ кардани имтиёзҳои нав ба онҳо ягон тасмиме мегирад?
— Тибқи пешгӯии мо, эҳтимол меравад Қонун “Дар бораи маориф” бозбинӣ шавад ва имтиёзҳои дар доираи ин қонун нишондодашуда, ки дар амал вуҷуд надоранд ва инро ҳатто Вазорати маориф ва илм эътироф мекунад, ё бозбинӣ шаванд, ё аз байн бардошта шаванд. Вобаста ба ин баъзе депутатҳо ҳам аллакай дастбакор шудаанд. Барои муаллимон якчанд сабукиҳо мешавад. Вазорати маориф ва илм аз ҷумла обунаи маҷбуриро ба обунаи ихтиёрӣ табдил медиҳад. Дар мавриди ташхисҳои тиббӣ низ эҳтимол меравад, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баъзе сабукиҳо ба муаллимон дода шавад. Зеро ташхиси тиббӣ, ки муаллим бояд ҳамасола гузарад, ҳоло қариб 200 сомонӣ арзиш дорад ва тибқи ҳисоби мо, бештар аз 30 миллион ба буҷаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фақат аз ҳисоби муаллимон дар соли харгӯш ворид шудааст. Эҳтимол меравад ташхиси тиббии ҳатмиро барои муаллимон ройгон кунанд ва ё маблағи харҷкардаи муаллимонро ҳокимиятҳои маҳаллӣ ҷуброн кунанд.
— Муҳтарам экстрасенс. Чун сухан дар бораи маориф рафт, лутфан бигӯед, ки оё дар соли 2024 деҳаи Бӯстони шаҳри Панҷакент соҳиби мактаб мешавад ё хайр?
— Намехоҳам мардуми ин деҳаро ноумед кунам. Вале тибқи пешгӯии мо дар соли 2024 ва ҳатто 2025 низ деҳаи Бӯстон соҳиби мактаб намешавад. Зеро, агарчи ин деҳа бештар аз 400 нафар хонанда дорад, ҳанӯз замин барои бунёди мактаб надорад. Борҳо барои бунёди мактаби Бӯстон ҳатто сарпарастҳо ҳам пайдо шуданд, вале мактаб бунёд карда натавонистанд. Охир, замин ки набошад, мактаб дар куҷо бунёд мешавад? Феълан аз тарафи масъулини шаҳри Панҷакент барои ҷудо кардани замини мактаб ҳатто кӯшише ҳам нашуда истодааст. Ба фикрам, масъалаи замини мактабро раиси нав низ чун раисҳои пешин ба раиси оянда монданӣ. Шояд раиси ояндаи шаҳр ин масъаларо ҳал кунад. Вале, агар МИҲД-и шаҳри Панҷакент дар соли 2024 барои бунёди мактаб дар Бӯстон замин ҷудо кунад, бо боварӣ гуфта метавонем, ки то 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бӯстон соҳиби мактаб мешавад.
Вале як пешгӯии хушнудкунанда барои сокинони деҳаи Бӯстон дорем.
— Чӣ хушнудӣ?
— Соли 2024 ба деҳаи Бӯстон об меояд, об! Бӯстон аз ҳисоби заҳматҳои сокинони худаш соҳиби оби нӯшиданӣ мешавад.
— Боз чӣ пешгӯиҳое доред?
— Навгонии аз ҳама муҳим дар соли нав он аст, ки бори нахуст ширкатҳои суғуртавӣ дар назди суғуртакунандагон масъулияти бештар эҳсос карда, ҷуброни ба нақлиёти шахсӣ расидаро пурра ҷуброн мекунанд. Минбаъд ронандагоне, ки ба садама роҳ медиҳанд, мошинҳояшон на аз ҳисоби худашон, балки аз ҳисоби ширкатҳои суғуртавӣ пурра таъмир мешавад. Инчунин, дар соли 2024 мавқеи футболи тоҷик дар сатҳи ҷаҳон боло меравад. Заминҳои беоб дар соли нав бо насосҳои обкашӣ сероб мешаванд. Ҳосилнокии ғалладона афзоиш меёбад. Нархи сӯзишворӣ, нархи хизмати алтернативӣ, хизматрасонии Маркази миллии тестӣ низ дар соли моҳӣ каме гаронтар мешавад.
— Ҷаноби экстрасенс. Ҳама соҳаҳоро пешгӯӣ кардед, вале дар бораи барқ чизе нагуфтед-ку! Оё лимити барқ дар соли 2024 бекор мешавад ё не?
— Ба ин савол ҳатто мо — экстрасенсҳо посух гуфта наметавонем. Чунки ҳалли масъалаи лимитро харгӯш ҳатман ба ихтиёри мор ва мор ба асп мегузорад.
— Ташаккур барои суҳбат!
— Ба шумо низ ташаккур!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ