Исраэл Адесаня бармегардад

Собиқ чемпиони UFC дар вазни миёна Исраэл Адесаня, ки чанде пеш гуфта буд то соли 2027 аз варзиш дур мешавад, дар як мусоҳиба ишора намуд, ки ба зудӣ бармегардад ва муҳориба мегузаронад.

— Ман ҳамчун чемпион дар 14 моҳ чор муҳориба гузаронидам, ки кори шӯхӣ нест. Бале, ман гуфта будам, ки то соли 2027 ба рухсатӣ меравам, вале ин сухан аз рӯи эҳсос буд. Ба наздикӣ бармегардам, — гуфтааст ӯ.

Ёдовар мешавем, ки Исраэл Адесаня моҳи сентябри соли ҷорӣ дар UFC 293 бо Шон Стрикленд муҳориба гузоронид ва дар он чемпионро аз даст дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *