Пешгӯии Агентии обуҳавошиносӣ ва ҳушдори КҲФ

Дар роҳҳои кӯҳию наздикӯҳии Тоҷикистон хатари лағжиши тарма ва резиши сангу рег дар назар аст.  

Тибқи маълумоти пешакии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то охири ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳавои нисбатан гарм боқӣ мемонад.

Аммо тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, барфу борон ва ҳарорати аз сифр боло метавонад боиси лағжиши тарма ва резиши сангу рег дар роҳҳои кӯҳию наздикӯҳӣ шавад. Фаромадани туман низ дар субҳгоҳон аз эҳтимол дур нест.

Аз ин хотир, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо ронандагонро огоҳ мекунад, ки эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд. Ҳамчунин, суръати ҳаракатро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро риоя  кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *