Пешгӯйи чанд рӯзи вазъи ҷаҳон ғайриимкон аст

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ишора ба бад гаштани вазъи ҷаҳон пешгӯйии онро ғайриимкон донист.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки “Тавре ки имрӯз мебинем, мухолифату низоъҳои сиёсиву ҳарбӣ, диниву мазҳабӣ ва фарҳангиву тамаддунӣ ба андозае шиддат пайдо кардаанд, ки оқибати раванду ҳодисаҳои дунёро ҳатто барои чанд рӯзи оянда пешгӯӣ кардан ғайриимкон гардидааст”
Ин бори аввал нест, ки Президент мақомоти қудратӣ ва мардуми кишварро ба ҳушёриву бедорӣ ва дарки баланди масъулияти ватандорӣ даъват менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба таҳдиди мустақими терроризм ва гурӯҳҳо барҳамзанандаи сулҳу суббот ишора намудаанд. Шиддат гирифтани “ҷанги ба ном сард“ вазъияти минтақавиву ҷаҳониро осибпазир гардонидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *