Пешгирӣ аз ҳодисаи худкушӣ дар оғози Соли нав

Дар рӯзи аввали Соли нав наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мардеро, ки мехост худро аз ошёнаи чорум партояд, наҷот доданд.

“1 январи соли 2025, соати 15:21 дақиқа ба қисми навбатдории КҲФ аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе занг заданд, ки дар хиёбони Рӯдакӣ 130/4, як сокини ин бино қасди худкушӣ дорад ва мехоҳад худро аз ошёнаи 4-уми бино ба зер афканад. Аз имдодгарон хостанд, то барои пешгирӣ аз ин қасди худкушӣ кумак кунанд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.  

Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса омада, маълум кардаанд, ки марди 38-сола дар ҳолати мастӣ қарор дошта, аз ошёнаи 4-ум худро ба замин партофтанӣ буд.

Бо кумаки равоншинос ва суҳбати ҳирфаӣ, ӯро мутмаин карданд, ки аз ин амал худдорӣ кунад.

Тибқи  маълумоти пешакӣ сабаби қасди худкушии ин мард  мушкилоти хонаводагӣ будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *