Пешгирии фаъолияти 73  созмонии террористӣ

Мақомоти амниятии кишварҳои узви СҲШ фаъолияти 73 созмонҳои террористии қатъ карда шудааст.

Дар нишасти “Бовар, ҳамкорӣ, касбият ҳамчун калиди ояндаи бехатар” таҳдидҳои афзояндаи хатарҳои террористӣ дар кишварҳои СҲШ мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор гирифт. Дар ин нишасти мазкур зикр гардид, ки 507 нафар узв ва шарикони созмонҳои террористӣ ошкор шуда, 447 нафар боздошт, 182 нафар безараргардонидашуда,  54 нафар маҳкум шудаанд. Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соли 2001 таъсис ёфта, кишварҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғзистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Покистон узви ин созмон буда, давлатҳои Афғонистон, Беларусия, Муғулистон мақоми нозир, кишварҳои Озарбайҷон, Арманистон, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Камбоҷа, Непал ва Шрӣ Ланка шарикони муколама дониста мешаванд.      

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *