Пешниҳод ба вазири маориф ва илми Тоҷикистон

Ҳамасола дар оғози моҳи сентябр дар Тоҷикистон Иди каду бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мешавад. Дар майдонҳои шаҳр, бозори “Меҳргон”, боғҳои “Ирам” ва “Дӯстии халқҳо”… навъҳои мухталифи каду ба маърази тамошо гузошта мешаванд ва мардум дар атрофи ин неъмати табиат хурсандӣ мекунанд.

Ман бо каду ва ба ҷашне, ки дар айёми ғунучини он таҷлил мешавад, мушкиле надорам. Каду ҳам ҳақ дорад соҳибҷашн бошад, мисле, ки дар Тоҷикистон харбузаву тарбуз ва ангур низ идҳои хоса доранд. Илова бар ин, дар Хэллоуин рамзи асосӣ каду аст…

Вале ман дигар чизро намефаҳмам. Чаро дар кишвари мо каду ид дораду муаллим не!?

Дар тақвими рӯзҳои иду ҷашни Тоҷикистон ишорае ба рӯзи муаллим нест. Ҳамин аст, ки чун анъанаи замони шӯравӣ ба таври худҷӯш якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор гӯё “таҷлил” мешавад.

Имсол ин ҷашн хеле “рангин” шуд: Дар як гӯшаи Тоҷикистон тамоми омӯзгоронро дар рӯзи ҷашнашон ба пахтачинӣ бурданд, дар гӯшаи дигари кишвар омӯзгоронро сарфу ҷамъ дар рӯзи якшанбе ба шанбегӣ бароварданд ва ба ҷойи гулдаста ба дасташон белу ҷорӯб доданд…

Магар дар чунин шароит мешавад мавқеи омӯзгорро боло бурд?

Ҳол он ки, вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро, ки ин матлаб муроҷиат ба эшон аст, дар рӯзҳои нахустини корӣ гуфта буданд: “Ман кӯшиш мекунам, ки аввал мақеи омӯзгорро боло бардорам!”.

Табиист, ки барои бардоштани мавқеи омӯзгор дар Тоҷикистон ҳанӯз роҳ дур аст, зеро дар кишвари мо омӯзгор ҳеҷ имтиёзе надорад, маошаш ба таъмини рӯзгораш намерасад, баъди 35-40 соли кор дар мактаб ҳатто ба андозаи як халта орд нафақа намегирад…

Аммо гумон мекунам, ихтисос додани як рӯз ба омӯзгор ва дар радифи соҳибкору байтору наҷҷору… ангуру харбузаву кадуву ош… таҷлили Рӯзи омӯзгор зарур аст. Зеро ақаллан як рӯз имкон мешавад, ки дар бораи омӯзгор фикр кунем…

Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *