Кӯшониён: Роҳҳо бо харҷи беш аз 1 000 000 сомонӣ таъмир шуданд

Давоми соли ҷорӣ дар ноҳияи Кӯшониён бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ наздики 111 километр роҳ таъмири асосӣ ва ҷорӣ карда шудааст. Вале, мутаассифона, ҳанӯз роҳҳои маҳаллии ба таъмир ниёздошта кам нестанд.

Фирӯз Насруллоев, сардори Муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта сол то сол бештар шуда истодаанд, вале ҳанӯз қариб 60 дарсади роҳҳои маҳаллӣ ба таъмир ниёз доранд.

Ӯ мегӯяд, ки давоми соли равон аз буҷети мақомоти маҳаллӣ барои нигаҳдорӣ ва таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта 45 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст ва то охири сол бо дарназардошти иҷроиши барзиёди қисми даромади буҷет боз иловагӣ маблағ ҷудо карда хоҳад шуд.

“Дар нуҳ моҳи соли 2022 соҳибкорон барои таъмири роҳҳои автомобилгард наздики 555 ҳазор сомонӣ кумак карданд. Вазорати нақлиёти мамлакат бошад, барои нигаҳдории роҳҳои аҳамияташон ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ зиёда аз 443 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст”,- афзуд ӯ.

Фирӯз Насруллоев гуфт, ки давоми сол 17 кӯпрук ва як қубур таъмир шуда, дар роҳҳо 52 аломат насб гардидааст. Ба таъкиди вай, ба дарозии беш аз 120 километр хатҳои уфуқӣ ва амудӣ кашида шудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *