Пешниҳоди ҲДТ: 20-уми сентябр Рӯзи мотами миллӣ эълон карда шавад
Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома дар саҳифаи фейсбукии худ ба наздикони қурбониёни ҳуҷумҳои иғвогарона ва дасисабозиҳои қирғизҳо дар марз ҳамдардӣ изҳор кард.
Дар муроҷиати Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфта мешавад:
— Ба бародарон ва хоҳарони тоҷик, хонаводаҳое, ки дар натиҷаи ҳуҷумҳои иғвогаронаи рӯзҳои охир фарзандон ва наздикони худро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият мекунем.
Ҷанги марзии рӯзҳои охир ҳадафҳои аҳдшиканӣ, худнамоишдиҳӣ ва миллатгароии баъзе аз мақомдорони давлати ҳамсояи Қирғизистонро фош кард.
Рӯзҳои 15-16-уми сентябри соли ҷорӣ гуруҳҳои муташаккили низомӣ аз қаламрави Қирғизистон ба деҳаҳои наздисарҳадӣ, ҳатто ба маҳалҳои дуртар аз марзии ноҳияи Б. Ғафуров ҳуҷум оварда, мардуми зиёдро куштаву захмӣ гардониданд. Ҳавопаймоҳои бесарнишини ин кишвар ба болои маҳалҳои зист, масҷиду бозорҳо бомбаҳои ҳалокатовар партофтаанд.
Маълум мешавад, ки солҳои охир ҳукумати Қирғизистон ин силоҳҳои ҳалокатоварро барои ҳамла ба Тоҷикистон харидорӣ кардааст.
Ҳамлаҳои аҳдшиканонаи тарафи Қирғизистон дар 6 минтақаи ҳудуди 300 км марзи Тоҷикистон идома доштанд. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо беш аз 60 нафар сокини Тоҷикистон кушта ва садҳо тан захмӣ шудаанд.
Марзбонони тоҷик маҷбур шудаанд ба ин гуруҳҳои ҳамлавар ҷавоби сазовор гардонанд.
Ҳукумат ва парлумони давлати Қирғизистон дар муқобили ин ҳамлаҳои низомиёнаш ба хоки Тоҷикистон хомӯширо ихтиёр кардаанд. Вале чанде аз мақомдорони сатҳи болои қирғиз дар маҳалҳои наздисарҳадӣ ба мардуми оддӣ ба таври маҷбурӣ силоҳ дода, онҳоро ба ҷанг ба қаламрави Тоҷикистон равон кардаанд.
Бояд эътироф кунем, ки баъзе аз мансабдорони давлати ҳамсояи мо гирифтори дасисаи иғвогарони дохилию беруна шуда, ба ғасби заминҳои кишвари Тоҷикистон саргарм шудаанд.
Дар чанд соли ахир ҳар бор пас аз эъломи оташбас ва сулҳ миёни тарафҳои даргир, базудӣ оташи фитнаву иғво ва ҷангу куштор аланга мезанад.
Лоиқи зикр аст, ки на мардуми Тоҷикистон ва на мардуми Қирғизистон тарафдори ҷангу хунрезӣ нестанд.
Мардуми тоҷику қирғиз аз қадим муносибатҳои дӯстию бародарии хуб дошта, дар ноҳияҳои наздимарзӣ никоҳҳои омехта доранд.
Вале ба ин муносибати хуб дасти иғвогарон дароз шуд.
Ҳоло ҳам сари вақт аст, ки мову шумо аз рӯйи ҳусни хешию бародарӣ ва барои осудагию оромии кишварҳоямон дасти ҳамдигар бигирем ва ҳарчи зудтар пеши роҳи иғвогаронро гирифта, иғвову ғаразҳои онҳоро фош кунем.
Дар асоси гуфтаҳои боло, Ҳизби демократи Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд:
1. Комиссияи байнидавлатӣ оид ба тақсими хатҳои сарҳадӣ бояд ҳарчи зудтар кори худро анҷом дода, манфиатҳои азалӣ, таърихӣ ва қонунию “позитивӣ”-и давлати Тоҷикистонро ҳимояю амалӣ созад.
2. Ба хотири гиромидошти руҳи шаҳидони ин муноқишаҳои сарҳадӣ рӯзи 20-уми сентябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи мотами миллӣ эълон карда шавад.
3. Дар ҳама шабакаҳои итилиоотии давлатӣ намоиши ҳамагуна барномаҳои ҳаҷвӣ ва рақсу суруд рӯзҳои 20, 21 ва 22-юми сентябр манъ карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ