Муроҷиат: Ба ҳодисаҳои охири марзӣ бо чашми ҳақбин баҳо гузоред! (аудио)

Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, ки гуруҳи корӣ дар Исфара теъдоди иншоот ва манзилҳои истиқоматии дар пайи низоъҳои марзӣ харобгаштаро муайян мекунад.

— Дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар Исфара иншооти гуногун, аз ҷумла манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар дидаву хароб гардидаанд, ки айни замон аз ҷониби мақомоти марбута барои муайянсозии хисорот гуруҳи корӣ ташкил шуда, теъдоди иншоот ва манзилҳои истиқоматии зарардида дақиқ карда мешаванд,- мегӯяд манбаъ.

Бо пешниҳоди аксҳо аз ҷойи воқеаҳои охир аз созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарону коршиносони сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ даъват карда шудааст, ки зери таъсири иғвою дасисаҳо ва дурӯғпарокании дастгоҳҳои таблиғотии кишвари ҳамсоя намонда, ба ҳодисаҳои охир бо чашми ҳақбин ва аз рӯи воқеият баҳо гузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *