Пешниҳоди додани қитъаи замин баъд аз даҳ соли издивоҷ. Дар куҷо?

Дар Русия пешниҳод кардаанд, қитъаи замин ба онҳое дода шавад, ки беш аз 10 сол дар никоҳи расмӣ зиндагӣ мекунанд.

— Вакилони Думаи давлатӣ аз Ҳизби либерал-демократӣ бо раҳбарии раҳбари фраксия Леонид Слутский ба палатаи поёнии парлумон лоиҳаи қонун дар бораи додани замин ба оилаҳоеро, ки беш аз 10 сол издивоҷ кардаанд ва соҳиби фарзанд шудаанд, пешниҳод мекунанд,- хабар медиҳад “ТАСС” бо истинод ба бахши матбуоти вакил.

“Қарор аст, ки тарҳи ислоҳот пас аз дарёфти хулосаи ҳукумат ба Думаи давлатӣ ироа шавад”,- гуфта мешавад дар гузориш.

Ба гуфтаи Слутский, ин ташаббус ба гузариши тадриҷӣ ба бунёди биноҳои камошёнаи муосири берун аз шаҳр нигаронида шудааст, ки имкон медиҳад тамоми қаламрави кишвар обод шавад.

«Мо бояд аз урбанизатсияи беандешона даст кашем ва аз бунёди шаҳракҳои беохир дар шаҳрҳои калон ба сохтмони муосири амволи ғайриманқул ва сохтмони камошёна гузарем. Агар мо ин корро анҷом диҳем, пас аз бунёди чанд мегаполис имкон пайдо мекунем, ки тамоми қаламрави кишварро обод созем”,- шарҳ додааст раиси Ҳизби либерал-демократӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *