Ду садамаи нақлиётии марговар дар як рӯз

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи нақлиётӣ дар як рӯз хабар дод, ки ҳарду ҳам талафоти ҷонӣ дар пай доштаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, 8-уми июли соли 2023, тахминан соати 08:50 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Абдуҷабборзода Нурулло Абдуҷаббор, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Конибодом-Деҳмой», дар ҳудуди деҳаи Ниёзбеки шаҳри Конибодом аз уҳдаи идораи автомашинааш набаромада, аробачаи маъюбии пиёдагард Ҳайдарова Нигора Ҳусейновна, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Ҳайдарова Н. Ҳ. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин, 8-уми июли соли 2023, тахминан соатҳои 16:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21093” Ғуломшоев Сино Қиматшоевич, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба чуқурӣ чаппа шудааст. Дар натиҷа, худи ронанда Ғуломшоев С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили автомашинаи мазкур Нусратшоев Сураҷ Сидиқалиевич, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хоруғ ва Фарухшозода Фурқат, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Роштқаъла ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *