Ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз баргузории ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон хабар дод.

— Дар асоси Нақша-ҷадвали кории вохӯриҳо барои соли 2023 дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид,- афзуд манбаъ.

Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *