Пешниҳоди Раҳимӣ ва Маҷидзодаро дар парлумон баррасӣ карданд

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 13 феврал таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» баррасӣ шуд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ Раҳимӣ Фарҳод ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон пешниҳод шудааст.

Аз рӯи масъалаи мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садридин Шарипов баромад намуда, иброз намуд, ки мақсад аз пешниҳод намудани  лоиҳаи мазкур ин таъмини бехатарии сейсмикии аҳолӣ ва ҳудудӣ кишвар мебошад.

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқию ташкилиро дар соҳаи баҳодиҳии хатар, сохтмони бино ва иншооти ба заминҷунбӣ тобовар, огоҳкунии пешакии аҳолиро бо мақсади ҳифзи шаҳрвандони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда ба танзим дароварда, коҳиш додани зарари иҷтимойи-иқтисодиро аз заминҷунбониҳои шадиди эҳтимолӣ муайян менамояд. Лоиҳаи қонуни мазкур аз 7 бобу 29 модда иборат аст.

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»,  Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод, Созишномаи Париж ба Конвенсияи ќолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим,  бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷўӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва дигар масъалаҳо муҳокима шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *