70 имтиёз ба сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Шукурҷон Зуҳуров дар маросими ифтитоҳи Форуми соҳибкории Тоҷикистону Чехия, ки 10 феврал дар Душанбе доир гардид, хостори ташкили Шӯрои сармоягузории Тоҷикистону Чехия гардид.

Тавре ки «Ховар» иттилоъ медихад, дар ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Чехия, ки дар доираи сафари расмии Ян Ҳамачек, Раиси палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия ба Душанбе сурат гирифт, доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Чехияро бо ҳам овард. Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки қонунгузории Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва рушди бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар кишвар беш аз 70 имтиёзу кафолатҳоро муқаррар намудааст, ки онҳо шароити мусоидро барои рушди иқтисоди миллӣ фароҳам меоранд.
Шукурҷон Зуҳуров доир ба имкониятҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ибрози назар карда, доираҳои тиҷоратии Чехияро барои омӯзиши фазои сармоягузории Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ даъват намуд.

Ҳамзамон дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Чехия Ян Ҳамачек- Раиси палатаи вакилони Парлумони Чехия баргузории Форуми соҳибкории Тоҷикистону Чехияро дар Душанбе омили тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии байни ду кишвар арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони Чехия дар оянда барои баланд бардоштани сатҳи равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ва саҳм гузоштан дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон нақши муассир мегузоранд.

Ба андешаи Файзиддин Қаҳҳорзода-Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи Форуми иқтисодӣ тақвияти ҳамкории судманди тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Чехия, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикон мебошад. Таъкид шуд, ки гардиши мол байн Тоҷикистону Чехия дар соли гузашта 3,9 миллион долларро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2015 наздик ба 400 ҳазор доллар кам мебошад. Инчунин дар зарфи панҷ соли охир ҳаҷми сармоягузориҳои Чехия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 8,7 миллион долларро ташкил дод, ки аз он 8 миллион доллар сармояи мустақим аст.

Дар ҳамоиши иқтисодӣ ҳамзамон фазои мусоиди сармоягузорӣ, имконоти иқтисодию тиҷоратӣ, низоми қонунгузории Тоҷикистон дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ба доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони чехӣ муаррифӣ гардида, байни ширкату корхонаҳои Тоҷикистону Чехия санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки робитаҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Чехия дар асоси анъанаҳои неки дӯстӣ, эътимод ва эҳтироми мутақобила 25 сол муқаддам оғоз гардида, Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ин кишвари аврупоӣ- Чехияро ба ҳайси шарики боэътимод эътироф намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *