Пешвои миллат дар Хуҷанд 4 иншоотро ифтитоҳ кард
Имрӯз, 6-уми июл Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд як қатор иншоотро мавриди истифода қарор дод.
Нахуст Сарвари кишвар дар паҳлуи варзишгоҳи 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар Хуҷанд Маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман”-ро ба истифода дод. Иншоот аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати қариб 6 ҳазор метри мураббаъ сохта шудааст ва дар он 70 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Баъд аз он Пешвои миллат Корхонаи коркарди коғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфии ҶДММ “Папирус”-ро ба истифода дод, ки он ба коркарди коғаз ва истеҳсоли дафтарҳои мактабӣ, фаннӣ, корӣ ва албом нигаронида шуда, иқтидори шабонарӯзиаш 150-200 ҳазор дафтарҳои гуногун ва албомро ташкил медиҳад, ки дар як моҳ 4,5 миллион дона истеҳсол мекунад. Барои истеҳсоли ин миқдор маҳсулот 140-150 тонна ашёи хом коркард мешавад. Тақрибан 98 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда барои содирот пешбинӣ шудааст.
Дар идомаи сафар Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлии ҶДММ “Сохтмони Кабир”-ро ифтитоҳ намуд. Коргоҳ аз тарафи соҳибкор Комил Турдибоев бунёд шуда, дорои 20 ҷои корӣ мебошад ва маводи он аз хориҷи кишвар ворид гардида, дар ҳамин ҷо коркард мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар коргоҳи навбунёд номгӯи зиёди конструксияҳои металлӣ, аз ҷумла гунбазҳо барои бинои иншооти гуногун, маҷмааҳои варзишӣ, терминалҳои мусофирбарӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, намоишгоҳҳо, пулҳо, роҳҳои пиёдагарди рӯизаминӣ ва амсоли ин бо шаклу анзодаҳои зарурӣ бо сатҳу сифати баланд коркард ва истеҳсол мегардад.
Ҳамчунин дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои навбунёди Маркази ташхисӣ — табобатии “Садаф” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Марказ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Наимҷон Тураев сохта шуда, 40 нафар мутахассиси баландихтисос бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Марказ дорои 12 ҳуҷра ва 34 кат барои беморон буда, дар он маҷмӯи васеи хизматрасонии тиббӣ, аз қабили ҷарроҳии эстетикии ҷоғу рӯй, гузоштани имплантант ва дармонгоҳи дил ба роҳ монда шудааст. Он аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, инчунин дорои ошхона ва толори маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст мебошад. Дар ин ҷо инчунин нуқтаҳои дандондармонӣ, микроскоп барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, ренгент барои ҷоғу рӯй, ҳуҷраи физиотерапевтӣ, толори истироҳату фароғати кӯдакон ва ҳуҷраҳои кории табибон ҷойгир шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ