Майкл Чендлер дар ҷустуҷӯи Конор

Варзишгари маъруфи ташкилоти UFC Майкл Чендлер, ки ба муҳориба зидди Конор Макгрегор тайёрӣ медид, аз эҳтимоли баргузор нагаштани муҳорибааш гуфт.

Ӯ дар як мусоҳиба иброз дошт, ки рақибаш Конор барои санҷиши “допинг” ҳозир нашудааст. Ҳозир нашудану аз санҷиш нагузаштани варзишгар маъноеро дорад, ки тибқи муқаррарот имсол ба майдон баромада наметавонад.

Гуфта мешавад, ки муҳлати дар санҷиш иштирок кардан то 20-уми июн буд ва аллакай вақт гузашту Конор Макгрегор беаҳамият буданашро нисбат ба муҳорибааш бо Майкл Чендлер нишон дод.

Ёдовар мешавем, ки чанд моҳ пеш гап-гапи баргузор гаштани муҳорибаи ин ду варзишгари машҳур пайдо шуда буд ва ҳаводорони ин навъи варзиш набарди мазкурро интизор буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *