Пешвои миллат қиматиро дар бозорҳо аз директорон мебинад

 

Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон як сабаби асосии мунтазам баландшавии нархҳо дар бозорҳои Душанбе назорати сусти директорони бозорҳои пойтахт мебошад. Сарвари давлат аз ин хусус 15 феврал, ҳангоми вохӯриаш бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Душанбе, бо қатъият харф зад.

— Зиёда аз нисфи маҳсулоти кишварзӣ дар бозорҳо истеҳсоли кишвари худамон аст, аммо нархашон хеле баланд. Ин боиси нигаронӣ ва ташвишу изтироб буда,  айби худи директорони бозорҳо мебошад. Масалан, аз ноҳияи Ҷайҳун як килограмми сабзиро 40 дирамӣ харида, оварда дар бозор то 2,5 сомонӣ ба савдо мезананд.Чунин нархгузорӣ аз куҷост? Ин бесарусомониро кӣ бояд назорат барад? Ман алҳол дар бобати болобардории «анъанавии» нархҳои бозорҳо дар арафаи идҳо чизе намегӯям, — норозигӣ изҳор кард Сарвари давлат ва афзуд: — Мушкилот дар худи директорони бозорҳост. Шумо фақат ҷамъкунии пули иҷора ва чекро барои кисаҳои удатон медонед. Чӣ ба шумо халал мерасонад, ки худатон ба сари замин рафта, аз деҳқон бихаред ва ба бозор маҳсулоти тару тоза ва арзони кишоварзӣ биёред? Магар ин кор мушкил аст?

Пешвои миллат «Тоҷикматлубот», роҳбарони бозорҳо ва дигар сохторҳои зидахлро вазифадор намуд, ки ба масъалаи таъмини бозорҳо бо маҳсулоти тару тоза ва беасос баландбардории нархҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *