Писарбачаи 11-соларо таҷовуз карданд
Матбуоти Русия дар бораи боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба кӯдакони ноболиғ хабар дод.
Бино ба гузоришҳо, як шаҳрванди 53-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Петербург бо гумони зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба писарбачаи 11-солаи ҳамсояаш ва як шаҳрванди тоҷики 28-сола дар вилояти Челябинск бо гумони қасди таҷовузи духтари шашсола дастгир шудаанд.
Нашрияҳои чопи шаҳри Санкт-Петербург бо такя ба манобеи худ дар пулис хабар доданд, ки пулис рӯзи 26 июл дар ноҳияи Киров як шаҳрванди 53-солаи Тоҷикистонро бо гумони зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба писарбачаи 11-солаи ҳамсояаш дастгир кардааст. Модари ин кӯдак ба пулис хабар додааст, ки марди ҳамсояаш аз моҳи ноябри соли 2016 то 22 июли соли равон чандин бор нисбат ба писари хурдсоли ӯ, ки соли таваллудаш 2006 аст, ҳаракатҳои шаҳвонӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ин мард ҳоло дар боздошт қарор дорад, вале ба зиддаш иттиҳоми расмӣ ҳанӯз эълон нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи «Знак” аз қавли сокинони деҳаи Полетаево-2-и ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябинск дар бораи боздошти як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи сокинон, шоми 24 июл, соати тақрибан 17 аз як ҳавлии беодам дар канори деҳа садои доду фарёди кӯдакро шунидаанд. Вақте ба ҷои ҳодиса рафтаанд, дидаанд, ки як марди маст қасд дорад, духтари шашсолаи сокини Полетаево-2-ро таҷовуз кунад.
Духтарро аз дасти он мард наҷот додаанд ва таҷовуз фирор кардааст. Баъди чанде маъмурони пулис як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар ин амал дастгир кардаанд.
Пулиси шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Челябинск дар бораи ин ду ҳодиса то ҳол шарҳи расмие надодаанд ва маълум нест, ки иддаои даст доштани ин ду шаҳрванди тоҷик дар зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғон то куҷо воқеият дорад?
Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо гумони таҷовузи ноболиғон дастгир ва маҳкум мешаванд.
Додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Челябинск дар моҳи март Раҳмонҷон Мирзоев, соли таваллудаш 1974-ро, ки шаҳрвандии ҳам Тоҷикистону ҳам Русияро дорад, бар асоси қисми чоруми моддаи 132-уми Кодекси ҷиноятии Русия дар таҷовуз ба номуси духтари яқинан зери синни 14 гунаҳкор шинохт ва ба 13 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Додгоҳ гуфт, Раҳмонҷон Мирзоев аз соли 1996 бо як шаҳрванди Русия зиндагии якҷоя мебурд ва нисбат ба хоҳарзодаи ҳамсараш аз соли 2013, ки он духтар он вақт ҳамагӣ 13 сол дошт, алоқаи шаҳвонӣ доштааст. Худи Раҳмонҷон Мирзоев ин иттиҳомро рад карда, гуфт, азбаски ҷияни ҳамсарашро таҳти тарбияи сахт қарор дода буд, нисбат ба вай чунин тӯҳмат задааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки дар ин авохир мавридҳои бо тӯҳмат, аз ҷумла бо тӯҳмати бадрафтории ҷинсӣ боздошт шудани муҳоҷирон дар Русия зиёд шудааст.
Усмон Баротов, раҳбари «Ватандош”, як созмони муҳоҷирони узбеки Русия як рӯз пеш дар бораи боздошти 5 шаҳрванди Узбекистон дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав бо иттиҳоми таҷовузи як кампири 62-сола хабар дод. Ӯ мегӯяд, баъди сафар ба Истра маълум кардааст, ки муҳоҷирони узбекро тӯҳмат задаанд: «Ман тоза аз Истра омадам. Дар онҷо 5 муҳоҷири узбекро ба таҷовузи як кампири 62-сола айбдор кардаанд. Маълум шуд, ки ин як кампири майзада буда, аз ин узбекҳо барои харидани арақ пул талаб кардааст. Вақте пулаш надоданд, рафта, ба пулис шикоят аз таҷовуз кардааст.”
Як чунин қазияи дигари пурсарусадо бо муҳоҷирони тоҷик дар соли 2014 пеш омада буд. Маъмурони пулиси шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав Фаррух Урозови 40-сола аз ноҳияи Фархори Тоҷикистонро шоми 17 сентябри соли 2014 бар асоси шикояти як зани ҳамсоя, ки ӯро ба таҷовузи духтари шашсолааш айбдор кард, боздошт карданд. Фаррух Урозов ҳамон шаб дар шӯъбаи пулис бар асари шиканҷаи шадид ба ҳалокат расид.
Бо иттиҳоми бо шиканҷа ба ҳалокат расондани Урозов се афсари пулис маҳкум ба зиндон шуданд.
Дар ҷараёни мурофиаи ин се афсар маълум шуд, ки шикояти он зани ҳамсоя аз бадрафтории Фаррух нисбат ба духтари ӯ беасос ва тӯҳмат будааст. Аз Фаррух Урозов 5 фарзанд ятим монд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ