«Пиллаи тоҷик»-хусусӣ мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки корхонаҳои пиллапарвариро хусусӣ гардонад. Тули се соли охир ширкати “Пиллаи тоҷик” фаъолияташро бо зиён ҷамбаст, намудааст.
Хусусигардонии корхона тавассути баргузор намудани тендери байнулмилалӣ сурат мегирад, ки лоиҳаи он аз тарафи ҳукумат тасдиқ шудааст. Барои иштирок дар он 200 ҳазор доллар маблағ гузаронидан зарур аст. Нархи аввалияи беш аз 42,5 ҳазор саҳмияи ҷамъият, ки мутобиқи лоиҳа хусусӣ гардонида мешавад, 4,911,000 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҷамъият моҳи декбари соли 2013 дар натиҷаи азнавташкилдиҳии КВД «Пилла»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ бо сармояи оинномавӣ дар ҳаҷми 4,254,000 сомонӣ ташкил шуд. Муассиси он Кумити давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мебошад. Дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 39 корхонаҳи саҳҳомии фаръии ширкат амал мекунанд.
Ҳаҷми дороиҳои ширкат 8,636,176 сомонӣ ва қарзи ҷамъият 15,748,760 сомониро ташкил медиҳанд. Сатҳи фарсудашавии воситаҳои асосии корхона ба 68 фоиз баробар аст.
Амволи ширкат аз бинои маъмурӣ ва иншооти ёрирасон, анборҳо ва амволи корхонаҳои фаръӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иборат буда, шумори умумии кормандони корхона 395 нафар ва шумори коргарони муваққатӣ (мавсимӣ) 572 нафарро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *