Агентӣ: Гармӣ дар Суғд 43 ва Душанбе ба 41 дараҷа мерасад

Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво баланд шуда, дар бештари ноҳияҳо то ба 43 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво боронӣ гашта, шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво қисман абрӣ шуда, вазиши сахти шамол то 12-17 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +38 + 43 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона 18-23 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе софу беғубор мешавад. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона +39+41 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *