Пирӯзии Александр Лукашенко дар интихоботи президентӣ

Имрӯз, 27 январ суҳбати телефонии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Беларус Александр Лукашенко доир шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Александр Лукашенкоро ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба маснади олии давлатии Ҷумҳурии Беларус табрик гуфт.

Президенти кишвар ба ӯ сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин бар нафъи рушду пешравии минбаъдаи мардуми дӯсти Беларус орзу намуд.

“Дар рафти суҳбат Пешвои миллат саҳми Александр Лукашенкоро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Беларус таъкид кард. Дар ин зимн ҷараёни хуби рушди шарикии стратегии ду кишвар зикр карда шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Тибқи натиҷаҳои пешакӣ, Александр Лукашенко бо гирифтани 86,82% овозҳо бори ҳафтум Президенти Беларус интихоб шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *