Пирӯзии Тимофеева дар сабқати тенниси Будапешт
Теннисбози россиягӣ Мария Тимофеева дар сабқати тенниси категорияи WTA-250 дар шаҳри Будапешти Венгрия пирӯзӣ ба даст овард.
Дар бозии финалӣ 100-умин ракеткаи ҷаҳон теннисбоз аз Украина Катерина Байндлро бо ҳисоби 6:3, 3:6, 6:0 шикаст додааст.
Варзишгарон дар корт 2 соату 6 дақиқа гузаронида, Мария Тимофеева дар рафти бозӣ панҷ брейк-пойнт аз ҳашт амалӣ намуда, ҳарифаш бошад, ба амаликунни ду брейк-пойнт аз шаш даст ёфтааст.
Барои Мария Тимофеева ин аввалин пирӯзӣ дар сабқатҳои WTA гардида, то ин дам теннисбози 19-сола дар ягон бозии сабқатҳои таҳти васояти WTA ба пирӯзӣ нарасида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ