Бозии дӯстонаи Тоҷикистон бо Сингапур

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Сингапур дар бораи баргузории як бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ду кишвар дар моҳи сентябр ба мувофиқа расиданд.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Сингапуру Тоҷикистон 8-уми сентябр, дар рӯзҳои FIFA, дар Сингапур баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Пештар дастаҳои Сингапур ва Тоҷикистон се бор бо ҳам вохӯрдаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (1:0) пирӯз шуда, дастаи мунтахаби Сингапур (2:0) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 ғолиб омадааст. Як вохӯрӣ байни ин дастаҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 мусовӣ (1:1) анҷом ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *