Пирӯзии Дилшод Назаров дар Ҷоми IAAF

Варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар Ҷоми байниқитъавии Асотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (FIAA Continental Cup) дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех мақоми аввалро касб намуд.

Тавре сомонаи расмии IAAF хабар додааст, дар мусобиқаи ниҳоии гурзандозӣ миёни мардон аз рӯи барномаи Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup), ки шоми якшанбеи 9-уми сентябр дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор шуд, намоядаи қораи Осиё ва Уқёнус  чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров бо натиҷаи 77 метру 34 сантиметр дар мақоми аввал қарор гирифт. Ҷойи дувумро бо натиҷаи 74 метру 22 сантиметр намояндаи қораи Африқо Мустафо Ал-Ҷамол аз Миср соҳиб шуд.

Дар ҳисоби дастаӣ Осиё-Уқёнус ҷойи аввал, Аврупо ва Африқо ҷойҳои дувум ва сеюм ва Амрико ҷойи чорумро соҳиб шуданд.

Дар ин мусобиқа ҳашт варзишгар аз Тоҷикистон, Маҷористон, Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Қатар, Лаҳистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Миср  иштирок намуданд. Ба  дастаи мунтахаби  Осиё ва Уқёнус Ашраф Ал-Сайфӣ аз Қатар ва Дилшод Назаров аз Тоҷикистон дохил буданд.

Дар ин намуди олимпӣ қитъаи Аврупоро Бенсе Ҳалаз (Венгрия) ва Войтсех Новитски ( Полша), қитъаи Амрикоро Сеан Доннелли (ИМА) ва Диего Дел Реал (Mексика), қитъаи Африқоро Мустафо Ал-Ҷамол (Миср) ва Тшепанг Макҳети (Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ) намояндагӣ карданд.

Ёдовар мешавем,  чемпиони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назарови 36-сола дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ 26-уми августи имсол дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия дар мусобиқаи гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид. Дар мусобиқаи мазкур Ашраф Ал-Сайфии 23-сола бо натиҷаи 76 метру 88 сантиметр мақоми аввалро касб намуд ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Ашраф дар Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 74 метру 08 сантиметр панҷум шуд.

Дилшод Назаров моҳи июли имсол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Браганса Паулистаи Бразилия бо натиҷаи 75 метру 18 сантиметр медали тилло ба даст овард. Ӯ инчунин дар мавсими имсола дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Полша  медали биринҷӣ гирифт.

Дар Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех беш аз 320 варзишгар аз 78 кишвари ҷаҳон ширкат варзид.

Ба ҷуз гурзандозӣ варзишгарон дар давидан ба масофаҳои мухталиф, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби гулӯла, партоби диск, найзаандозӣ, эстафетаи 4х100 миёни мардону занон ва эстафетаи омехта 4х400 метр рақобат карданд.

Ба варзишгароне, ки дар рақобатҳои инфиродӣ ҷойҳои аз якум то ҳаштумро гирифтанд, ҷоизаҳои молӣ супурда шуд: барои ғолибон — 30000 доллар, ҷойи дуюм — 15000, ҷойи сеюм — 10000, ҷойи чорум — 7000, ҷойи панҷум — 5000, ҷойи шашум — 3000, ҷойи ҳафтум — 2000 ва ҷойи ҳаштум — 1000 доллари ИМА. Дар эстафета маблағи ҷоиза чунин буд: ҷойи аввал – 30000, ҷойи дуюм — 20000, ҷойи сеюм — 10000, ҷойи чорум — 8000 доллари ИМА.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *