Се хатсайри дигар байни Ӯзбекистону Тоҷикистон

Ӯзбекистону Тоҷикистон дар се масири нав – “Термиз – Душанбе”, “Денау – Душанбе” ва “Самарқанд – Панҷакент” ҳаракати автобусҳоро ба роҳ монданд.

Дарози масири “Термиз – Душанбе” 251 километр буда, нархи роҳкиро аз Термиз то Душанбе 70 ҳазор сӯм (ҳудуди 9 доллар) муайян шудааст.

Масири Денау – Душанбе каме кутоҳтар – 107 километр аст. Нархи роҳкиро 40 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад. Дарозии умумии масири “Самарқанд – Панҷакент” 64 километр ва роҳкиро аз самти Ӯзбекистон 20 ҳазор сӯм аст.

Ӯзбекистону Тоҷикистон бори нахуст 15 майи соли равон ҳаракати автобусҳоро дар масири “Тошканд – Хуҷанд” ба роҳ монда буданд. Автобусҳо ба воситаи гузаргоҳҳои марзии “Ойбек”-и Ӯзбекистон ва “Фотеҳобод”-и Тоҷикистон мегузаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *