Зоҳидзода дар САҲА: ҲНИТ ҳизби террористист

Муовини аввали вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидзода, дар ҷаласаи ифтитоҳии анҷумани САҲА дар шаҳри Варшава ин созмонро ба меъёрҳои дугуна айбдор кард ва ҳузури намояндагони ҲНИТ-ро, ки дар Тоҷикистон созмони террористӣ шинохта шудааст, ғайри қобили қабул номид.

Анҷумани ченакҳои инсонии Дафтари демократия ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава рӯзи 10 сентябр бо суханронии ифтитоҳии намояндагони расмии кишварҳои узв оғоз ёфт. Ин ҳамоиш аз 10 то 21 сентябр давом мекунад. Роҳбари ҳайъати Тоҷикистон – муовини аввали вазири хориҷаи ин кишвар Низомиддин Зоҳидзода дар суханрониаш гуфт, Душанбе ба ҳамкорӣ бо САҲА бахусус дар бахши мубориза бо терроризму тундгароӣ арҷ мегузорад. Зоҳидзода дар ин робита аз анҷумани байналмилалии мубориза бо терроризм, ки моҳи май дар Душанбе гузашт, ёдовар шуд:»Мо дар давоми ин солҳо ҳамкории худро бо САҲА фаъолона ба роҳ мондем. Дар чорчубаи ин ҳамкориҳо, чандин барномаҳо дар Тоҷикистон пиёда шуданд. Яке аз ин ҳамкории муҳими мо бо САҲА, гузаронидани ҳамоиши Конфронси байналмилалӣ дар масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм буд, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе шуда гузашт”

Низомиддин Зоҳидзода ин ҳамкориҳо бо САҲА-ро аломати пойдор мондани Тоҷикистон ба уҳдориҳои худ дар масоили озодӣ ва ҳуқуқи инсон номид. Вале, афзуд ӯ, бархӯрд бо «меъёри дугуна”-и кишварҳои алоҳидаи узви САҲА нисбат ба гуруҳҳои ифротиву террористӣ шароитро буҳронӣ мекунанд. Ба ақидаи Зоҳидзода, террористону ифротгароҳоро набояд ба худиву бегона ҷудо кард.

Муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон пинҳон накард, ки манзураш ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) ва ҳузури намояндагони он дар анҷумани Варшава мебошад: «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ширкат дар ҳамоишҳо оид ба ченакҳои ҳуқуқи инсон ва нишастҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буд, чунин мемонад. Аммо, мо ғайри қобили қабул медонем, баъзе аз гурӯҳҳои ифротгарое, ки бо даст задан ба амалҳои террористӣ айбдор шудаанд ва кишварҳои узви САҲА ҳамчун созмони терористиву экстремистӣ шинохтаанд, дар ин нишаст роҳ ёбанд. Ба ин даъво метавонад ҳизби экстремистӣ ва терористии Наҳзати исломӣ мисоли равшан бошад, ки дар амалҳои терористиву экстремистии дар Тоҷикистон рухдода даст дорад. Даст доштани ин ҳизб бо далелҳои зиёди радношаванда, тасдиқи худро ёфтааст.”

Имсол Душанбе ҳайъати расмиашро ба Варшава фиристод, ки дар баробари Низомиддин Зоҳидзода ҳамчунин Вафо Ниятбекзода, сардори Раёсати таҳлил ва иттилоот ва сухангӯи вазорати хориҷа, Рустам Азизӣ, муовини мудири Маркази исломшиносӣ, муовини сардори Маркази таҳқиқоти стратегӣ Сайфулло Сафаров ва узви собиқи ҲНИТ, устоди Донишгоҳи исломӣ Раҳим Каримов(Мулло Абдураҳим)-ро дар бар мегирад. Қарор буд, Мулло Аёмиддин Сатторов, яке аз асосгузорони ҲНИТ низ аз номи ҳукумат ба Варшава биравад, вале ӯ наомад.

Ҳамин тавр, оппозитсияи тоҷик даҳҳо нафар аз намояндагонашро барои ширкат дар анҷумани Варшава номнавис карда, даҳҳо фаъоли дигари тоҷик ба сурати инфиродӣ ваё аз номи созмонҳои ҷамъиятӣ дар ин ҳамоиш ширкат мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *