Писар падарро иваз мекунад. Ҳич гапе не?!
Бино ба гузоришҳо, писари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ният дорад барои дарёфти курсии падараш вориди корзор шавад.
Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола то ин дам дар чанд мансаби давлатӣ, аз ҷумла раиси вилояти Ахал кор кардааст. Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Туркманистон 12-уми марти имсол баргузор хоҳад шуд.
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадови 64-сола рӯзи 11-уми феврал, пас аз понздаҳ соли раҳбарӣ, эълон кард, ки мумкин аст ба истеъфо биравад ва роҳро барои ҷавонҳо бикушояд. Бисёриҳо эҳтимоли интиқоли қудрат аз падар ба писарро дар ин кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ тахмин мезананд.
Сардор Бердимуҳаммадов аз моҳи феврали соли 2021 дар мансаби муовини сарвазири Туркманистон кор мекунад. Яъне, муовини падараш ва амалан шахси дувуми ҷумҳурӣ аст. Гуфта мешавад, номзадии Бердимуҳаммадови хурдӣ аз тарафи ҳизби ҳокими демократи Туркманистон пешниҳод шудааст. Падараш се дафъа аз тарафи ин ҳизб номзад шуда буд.
Бердимуҳаммадови калонӣ аз соли 2007, замони ба қудрат расиданаш (пас аз марги туркманбошӣ, Сафармурод Ниёзов) Туркманистонро бо панҷаҳои оҳанин роҳбарӣ дорад. Муҳлати президентии ӯ бояд соли 2024 ба охир мерасид. Вай ҳамзамон сарвазир аст ва инчунин, вазифаи раиси Шӯрои мардумӣ, палатаи болоии парлумони Туркманистонро ба уҳда дорад. Чизе, ки бо Қонуни асосии он кишвар дар “ҷанг” аст.
Коршиносон мегӯянд, таъйини интихоботи зудҳангом ё пеш аз муҳлат низ бо поймол кардани қонунҳои Туркманистон сурат гирифтааст.
Бино ба қонунҳои Туркманистон, интихоботи пеш аз муҳлат замоне таъйин мешавад, ки агар раисҷумҳур бо ин ё он сабаб аз уҳдаи иҷрои вазифааш набарояд ва салоҳиятҳояш ба иҷрокунандаи вазифаи президент вогузор шавад. Дар шароити ҳозира раисҷумҳури Туркманстон ба иҷрои вазифаҳояш идома медиҳад ва салоҳияташ низ ба шахси дигар нагузаштааст.
Илова ба ин, то баргузории интихоботи пеш аз муҳлат камтар аз як моҳ мондааст ва дар бораи номзадҳои дигар (агар вуҷуд дошта бошанд) чизе маълум нест. Рӯшан нест, ки онҳо чӣ гуна метавонанд маъракаи интихоботиро пеш бибаранд.
Писар падарро иваз мекуннад: Чӣ ҷои тааҷҷуб?!
Дар солҳои охир Сардор Бердимуҳаммадов чанд бор вазифаҳояшро иваз кардааст. Вай дар гузашта дар мақоми вазири саноат ва сохтмони Туркманистон кор карда, як муддат вакили парлумон низ буд. Ба ҳайси дипломат ҳам фаъолият дошт.
Хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Туркманистон ва Академияи дипломатии Маскав буда, соли 2014 рисолаи номзадиашро ҳимоя кардааст.
Фаъолиятҳои сиёсии писари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2016 шуруъ шуд. Вай чанд моҳ дар маснади волии вилояти Аҳал фаъолият дошт.
Ҳамзамон Сардор Бердимуҳаммадов дар мулоқоти байналмилалии раҳбарони кишварҳо ширкат карда, паёми падарашро ба онҳо расонидааст. Моҳи марти соли 2018, замоне ки вакили мардумӣ буд, дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона ё Нурсултони имрӯза ширкат кард.
Ё тавба! Нархи орду шакар ба осмон дакка мехӯрад!
Бо вуҷуди манобеи бузурги табииаш, Туркманистон тайи солҳои охир ба далели мудирияти нодурусти Бердимуҳаммадов дар буҳрони шадиди иқтисодӣ қарор дорад. Дар ин кишвар, ки шахспарастӣ авҷ гирифтааст, нархи хадамоту ғизо боло рафта, баъзе аз маҳсулот, ба монанди орду шакар, камёфт шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ